ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Боғи гул қолӣ асту нақши қаламкор.
Меваи фаровон канори кӯчаву майдон,
Чашми пур аз буҳти кӯдакони гурусна,
Бӯи дилангези нони тозаи хушранг,
Соҳили Зояндарӯду ҷамъи ҷавонон,
Ҳай хабар аз ҷабҳаҳову ҳай хабар аз ҷанг,
Ҷанг, ки нобуд бод рӯҳашу номаш,
Ин ҳама хуну хароба бод ҳаромаш!
Боз чароғон шавад ба ёди шаҳидон,
Панҷараҳо, даккаҳо, канори хиёбон.
Як сӯ оворагони ҷанги табаҳкор,
Як сӯ мардони дилсупурда ба пайкор.
Дар раҳи ҳифзи Ватан туфанг ба дӯшанд,
Озиму осиву хашмгину хамӯшанд.
Тарҳи пурафсуни шаҳру партави Маҳтоб,
Рӯд ҳамон рӯду оби рӯд на он об.
Духтараки навҷавони шаҳр куҷо рафт?
Сӯхту шуд дуду дуди ӯ ба ҳаво рафт,
Е ки чу мурғе аз ошёна парид ӯ,
Рафт, дигар рӯйи ошёна надид ӯ,
Ё ки пас аз солҳои дуриву парвоз,
Омада акнун ба сӯи лонаи худ боз?
Парса занам кӯ ба кӯ, хона ба хона,
Аз ҳама гирам суроғи гумшудаамро,
Гӯянд ӯ буду шодии дили мо буд,
Сояи он духтари ҷавон ҳама ҷо ҳаст,
Гаҳ сари он кӯҳу гаҳ ба соҳили ин рӯд,
Медавад ӯ бо шитоб ин ҷо, он ҷо,
Меравад ӯ ҷустуҷӯкунон сӯи фардо.
Духтараки навҷавони шаҳр, куҷоӣ?
Пеш биё мо ду ошноӣ ҳам астем,
Ҳамраҳу ҳамрӯҳу ҳамнавои ҳам астем,
Сурхии рӯйи ту чини чеҳраи ман шуд,
Умри ману ту фидои ишқи Ватан шуд.
Ваҳ, ки чӣ хурсанду сарбаландам аз ин кор.
Давраи тороҷу тоҷ газмаи маккор,
Хост, ки баргардаму чу банда шавам ман,
Назди Ватан хору сарафканда шавам ман,
Гӯш накардам ба ҳарфи пурхатари ӯ,
То нашавам дуду дудаи шарари ӯ.
Дарди Ватан монду растагории виҷдон,
Бо дили пуриштиёқу дидаи бедор,
Гарчи ҳамаи умри ман ба ранҷи сафар рафт,
Ҳеҷ нагӯям, ки умри рафта ҳадар рафт.
Хуб бирав духтарам, Худот нигаҳдор!
Ман ба ки гӯям: бирав,
Ту дер замонест,
Рафтиву ҳеҷ гоҳ боз нагарадӣ,.
Ой ҷавонӣ, ҷавонае, ки шукуфтӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё