ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дар писаронам, ки меваҳои ман астанд,
Рафтиву ман меравам, чӣ ҷои таассуф?
Ин ҳама ҷони ҷавон чу ҷои ман астанд.
Буда чунин то ки будааст замона,
Ҷо ба гулу мева додааст ҷавона.
Боз ману осмони софи Сифоҳон,
Ин ҳама чашми пуринтизори дурахшон.
Дидани ёру диёр орзуям буд,
Шукргузорам, ки зинда мондаму дидам,
Бо ҳамаи дерӣ ба орзум расидам.
Инак, оғози ҳастии ману шеърам,
Рушду шукуфоии ниҳоли умедам.
ДАРАХТИ НОРВАН
Дарахти норван гул дода дар саҳро,
Гули обӣ.
Дарахти норван гул медиҳад, оё?
Барои он ки танҳо як дарахти норван дорад,
Дарахти норван қасри зумуррад мешавад шабҳои маҳтобӣ,
Дарахти норван мерақсаду овоз мехонад,
Дарахти норван механдаду афсона мегӯяд.
Зи атри обии гулҳош.
Намедонӣ магар?
Ҳар кас надорад тоқати онро,
Ки бинад рӯ ба рӯи худ ҳақиқатҳои урёнро.
Дарахти норван!
Пайваста пургул бош!
ТАРОНАИ БАҲОРӢ
Бигшо даричаҳоро,
Дар кӯчаҳо баҳор аст.
Чун рӯҳи ман парасту,
Шайдову беқарор аст.
Бигшо даричаҳоро,
То боди субҳгоҳӣ
Бӯйи бунафшаҳоро
Бо худ ба хона орад.
Бигшо даричаҳоро,
Бингар чӣ пуртарона
Булбул арӯси гулро
Бар ошёна орад.
Бигшо даричаҳоро,
Бингар чӣ гуна дар боғ,
Ҳар шохаи ҷавоне
Садҳо ҷавона орад.
То шохаҳои пурбор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё