Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зиндагӣ чист?
Гуфто ба лабханд:
Девонае афсонае гуфт.

Гар зиндагӣ афсонаи девонагон аст,
Пас оқилонанд аз чӣ рӯ девонаи ӯ?
Ин ҷаҳди ҷовидон барои зистан чист?
В-ин ишқи бепоёни ман чист?
Як бор агар умед пажмурд,
Сад бори дигар аз чӣ рӯ рӯйиду хушк шуд?

БАҲОРИ ЗИНДОНӢ

Бӯйи гул меояд аз овози мурғони баҳорӣ,
Хез зиндонбон, Худоро!
Равзане бигшо ба саҳро,
То нигоҳам пар кушояд,
Чун уқоби кӯҳсорӣ.

Гӯши зиндонбон бувад кар,
Ӯ, ки маъмурест худсар,
Кай кунад бо мардуми озода ёрӣ?

Эй парасту!
Аз чӣ бар девори зиндон лона кардӣ?
Ваҳ, ки бо парвози озодат маро девона кардӣ.
Бо чунин торикии рӯзону торикии шабҳо,
Кай ба поён мерасад чашминтизорӣ?

ТУ ШОИРӢ

Ба шоири бузурги рӯзгори мо Нимо Юшич

Ту шоирӣ,
Паямбари умедҳо ва ранҷҳо,
Ситеғи саркашида сӯйи осмон,
Ғиреви мавҷи баҳри бекаронаӣ.
Туӣ калиди ганҷҳо,
Забони бози мардумӣ.
Ту нолаӣ,
Ту нағмаӣ,
Таронаву тараннумӣ.

Ту шоири навоварӣ,
Ту пештози пурғурури рӯзу рӯзгори нав,
Ҷавонаи ба боғи ҳар баҳори нав,
Ниҳеби хашми оташини бардагон.
Ҳамосасози сангарӣ,
Суруди асри тозаӣ.

Ту ёдгори наслҳои рафтаӣ,
Ту ифтихори наслҳои дигарӣ,
Паёми пуршукӯҳи мо ба қарнҳои дигарӣ,

пешина
аз 263
навбатӣ