Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту шоирӣ — паямбарӣ,
Ту пайки ҷовидонаӣ.

РАГБОР

Рагбор. Рагбор,
Дарёи ворун,
Аз осмон резад фурӯ бар дашту кӯҳсор
Абр аст, мегиряд чу духтарҳои ошиқ,
Раъд аст, меғуррад чу мардони гирифтор,
Барқ аст, месӯзад чу сангарҳои пайкор.
Рагбор.
Рагбор.

ДУ НАФАР

Як нафар зарбаи буҳтонро хӯрд,
Сакта кард аз ғаму мурд.
Дигаре баски дилаш шод шуд аз марги рақиб,
Сакта кард он даму мурд.
Мардуми шаҳр гирифтанд ду тобут ба дӯш,
Мурдаҳоро паси кӯҳе бурданд,
Дафн карданду навиштанд ба хок:
Ин ду хасм аз ғаму шодӣ мурданд.
Ҳарду хуфтанд хамӯш,
То абад паҳлӯи ҳам,
Фориғ аз шодиву осуда зи ғам.

ДАР БАЛАМ

Теппаҳо сабз,
Лолаҳо сурх,
Абрҳо гули биҳӣ, арғувонӣ,
Аз шароби шафақ рӯдобе,
Гашта гулфом.

Дар балам марди кӯре нишаста,
Меравад ҳамраҳи мавҷи ором,
Чашмбаста.

Дуру наздики ӯ,
Теппаҳо сабз,
Лолаҳо сурх.

НАҒМАИ НАВРӮЗ

Бишкуфта зи нав
Дар дашту чаман,
Наврӯзи ҷавон,
Наврӯзи куҳан.
Бархезу бихон
Ин нағмаи ман,
Бо ёди Ватан,
Бо ишқи Ватан.

пешина
аз 263
навбатӣ