Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нагашта пайкари инсон бузургтар аз пеш,
Бузургтар шуда сад бор орзуҳояш.
Ба сӯйи маъракаи хостан— тавонистан,
Кашонда мешавад аз ҳар тараф саропояш.

Агар ки ошиқи дирӯз орзу мекард,
Ба моҳи чеҳраи маъшуқа як нигоҳ кунад.
Ҷавони ошиқи имрӯз орзуманд аст,
Барои моҳи асал як сафар ба Моҳ кунад.

Дар изтиробу набарде, ки зодаи аср аст,
Мудом рӯяд дар дил умеди нав, ғами нав.
Дуруд гӯямат, эй қарни беқарори навин,
Ки дар азоби туам шоҳиди шукуфтани ту.

ДИДОРИ ОЗОДӢ

Бигӯ, эй ҳамватан,
Оё чӣ рӯҳе дорад озодӣ:
Ҳавои тозаи субҳи баҳорон аст?
Навои чашмаҳо дар кӯҳсорон аст?
Қанории тилоиранги хушхон аст?
Шукӯҳи хоби нозолуди навзодон?
Шукуфоии истеъдодҳо
Рушди хирадмандист?
Чароғи равшани шабзиндадорон аст?
Даруни шуълаҳо тарҳе аз инсонҳост?
Сукути субҳи дарё баъди тӯфонҳост?
Нафири путкҳо,
Нерӯи бозиҳои зӯровар?
Талоши барзгар дар киштзорон аст?
Фурӯзон машъали шабҳои тори раҳсипорон аст?

Бигӯ, эй ҳамватан,
Оё чӣ роҳе дорад озодӣ:
Раҳи аз худ раҳо гаштан?
Шарики ранҷу разми тӯдаҳо гаштан?
Чу рӯде рехтан яксар дар он дарёи тӯфонӣ,
Дилу ҷонро ниҳодан дар кафи эсор,
Ба номи ҳастиву волои инсонӣ?
Чу мурғони чаман аз нағма,
Гулҳо аз шукуфтан,
Ҳеч гаҳ аз ҳарфи ҳақ гуфтан натарсидан?
Натарсидан
Ва бо ҷаллод ҷангидан?

Бале, инҳост озодиву инҳо нест,
Озодӣ ҳамеша бо Ватан ҳамроҳу ҳамзодист,
Ватан гаҳвораи яктои озодист,
Башар дар Меҳани озод — озодист.

Шаҳиди ҳамватан
Эй зиндаи ҷовид,
Ки кардӣ маргро мағлуб,

пешина
аз 263
навбатӣ