ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

УҚОБИ ДАРЁӢ
Ту ҳар тулуъ саҳаргаҳ ба ёди ман оӣ,
На бодҳои биёбон, на мавҷи дарё нест,
Ба бебақарорӣ ту, эй уқоби дарёӣ!
Барои ёфтани сарнавишти душворат,
Чӣ ошиқона ба ҳар сӯй мекунӣ парвоз,
Дилат чу шуълаи оташ, лаби ту пуровоз.
Уқоби нағмасаро,
Ту нимашабҳо,
Танҳо
Дар он ҷазираи миҳпӯш,
Рӯйи он сахра,
Ки хам шудааст ба дарё.
Чу шомгоҳи шафақ мешавад тилоиранг,
Таронаҳои ту дар абрҳои норинҷӣ,
Бипечаду бихурӯшад зи дур дар гӯшам
Ва дур аз ту
Шавам чу тундари тӯфанда гарчи хомӯшам.
Ман он чиро, ки нагуфтам,
Ту бо тарона бигӯ,
Ҳадиси субҳи баҳорон дар ошёна бигӯ.
Ду боли нуқраиятро дар абрҳо афшон,
Шукӯҳи борон шав,
Бибор бар сару рӯйи ҳар он ки ташналаб аст
Ва чун сапедадамон,
Навиди нур биёвар ба ҳар куҷо, ки шаб аст.
Уқоби дарёӣ,
Ту ҳам чу рӯҳи ҷавонони Меҳанат мебош,
Умеди равшану сарчашмаи тавоноӣ.
АБӮАЛӢ СИНО
Бузургворо!
Абӯалӣ Сино!
Шумо, ки нобиғаи илму донишу ҳунаред,
Шумо, ки пайки «Шифо»-еду мазҳари «Қонун»,
Ҳазор сол пизишку муаллими башаред.
Суханвари якто!
Зи ҳар чӣ Жола бигӯяд шумо бузургтаред,
Шумо намунаи инсони ҷовидон ҳастед.
Ва то ҷаҳон барҷост,
Савори фотиҳи гардунаи замон ҳастед.
ҚАРНИ БЕҚАРОР
На рафтагону на ояндагон намедонанд,
Ки қарни пурҳунари мо чӣ сахту сангин аст.
Умедҳои навин бо азобҳои куҳан,
Ба ҳар тараф нигарӣ гарми ҷанги хунин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё