Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дишаб туро дар нуқраи Маҳтоб дидам,
Як лаҳза руъёи биҳиште буду бигзашт.

Эй Меҳан, эй номи бузургат ифтихорам,
Эй монда дар паси кӯчаҳоят ёдгорам
В-эй ранҷҳоят дарду доғам,
Пайкори пуршӯри ту шабҳо шабчароғам.
Рӯзони хунинат дароз аст,
Ҳамчун ҳазорон сол чашмони ту боз аст.
Мебинӣ акнун,
Дар пардаи хомӯшиат оташфишоне,
Дар остони инфиҷоре пургудоз аст.
То ғор девонро барад бар қаъри дарё,
Оре, Ватан, эй ишқи ту гармии хунам,
Донам, ки пирӯзӣ ту фардо!

БОЗ МЕГАРДӢ

Ту рӯзе бозмегардӣ,
Ту бо боди саҳаргоҳии кӯҳсорон,
Ту бо амвоҷи дарёҳо,
Ту ҳамроҳи баҳорон,
Боз мегардӣ
Ва ман чашминтизор астам.

Ту пайки гармсер астиву медонӣ,
Ки аз сардӣ чӣ пажмон мешавад инсон,
Намегӯям зи сардии ҳаво
Аз сардии дилҳо,
Зи сардии суханҳое, ки хаш-хаш мекунад дар гӯш,
Зи яхбандии дилҳои чароғи ишқашон хомӯш,
Ту медонӣ чӣ безорам
Мане, ки пуршарор астам.
Даруни синаам фарёди хомӯше кунад такрор,
Ту ҳамчун ахгаре пурнур,
Ту ҳамчун ахтаре пурнур,
Ба дидори ту ман уммедвор астам.

ЖОЛА—4

АЗ МАҶМӮАИ «АЛБУРЗИ БЕШИКАСТ»

КАЛИДИ РАМЗИ РАҲОӢ

Ман аз сапедии шабҳои сард омадаам,
Зи авҷи қуллаи уммеду дард омадаам.
Ба ишқи нуру насим,
Ба дашти оташу хуну набард омадаам,
Ки бо ғурур диҳам шарҳ қаҳрамониро.

Дилам пур аз ташвиш
Ва тору пуди вуҷудам ҷавонаҳои умед
Барои киштаи имрӯзу ҳосили фардо.

пешина
аз 263
навбатӣ