Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба нахле мурғи шайдое нишаста зор менолид,
Чӣ мурғе? Булбули бедил. Чӣ нола? Нолаи маҳзун.

Зи фарёдаш ба ёд омад маро даврони нокомӣ,
Ки ҷорӣ мешуд аз чашмам дамодам қатраҳои хун.

Ман ин ҷо хаставу танҳо гирифтори ғаму дардам,
Ба ёрӣ бар сарам як дам бигард, эй гунбади гардун.

Ба ёди номуродиҳо биёр, эй боди мушкафшон,
Паёме з-он лаби ширин, навиде з-он рухи гулгун.

Чу ашки обро дидам, сиришк аз дида пошидам,
Аҷаб набвад, агар Жола бувад дилдофдаи Корун.

ЁД НАКАРДӢ

Мавсими урдибиҳишту боғ биҳишт аст,
Лолаи хушрӯ шукуфта бар лаби кишт аст,
Ғунчаи зебои боғ нексиришт аст,
Лек, нигоро, баҳор бе ту чӣ зишт аст.

Рафтиву аз мо ту ҳеч ёд накардӣ,
Хотири моро зи лутф шод накардӣ.

Аҳди муваддат чаро субот надорад?
Ишқ ба ҷуз ғусса хотирот надорад.
Дӯст дигар бар ман илтифот надорад,
Оҳ, ки ҷонам зи ғам наҷот надорад.

Як нафас осуда нест хотири зорам,
Карда табиат зи дард хаставу зорам.

Сар пур аз андешаҳои дуру дароз аст,
Синаи пуршуъла низ махзани роз аст,
Сад дари ғам ба дили ситамзада боз аст,
Қисмати мо дар замона сӯзу гудоз аст.

Сӯзу гудоз аст қисмати мани маҳзун,
Чун дили носозгор хун нахӯрад, хун!?

То зи рухат гашта дур чашми тари ман,
Ҷилва надорад баҳор дар назари ман,
Шавқи ту оташ фузуд бар шарари ман,
Сӯхтӣ аз сӯзи ҳаҷр болу пари ман.

Аз ғами рӯйи ту гашт, эй маҳи тобон,
Жолаи баргаштабахт зору парешон.

БАРГИ ТИЛОӢ

Туро, эй барги зебои тилоӣ,
Кӣ мегӯяд рухат пажмону зард аст?

пешина
аз 263
навбатӣ