ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ин манзилу манзури дили аҳли ниёз аст,
Бечоранавоз аст.
Ин ошиқи дилсӯхта бисёр бисӯзад,
Бигзор бисӯзад,
Бигзор зи меҳнат чу мани зор бисӯзад,
Душвор бисӯзад.
Фарёд макун, Жола, ки фарёд ғамафзост,
Асбоби ғами мост,
Бар чарх назар кун шафақи сурх чӣ зебост,
Зебову дилорост.
ШАТРАНҶ
Ёди он шабҳо, ки корам бозии шатранҷ буд,
Лаҳзае ин қалби зорам бехабар аз ранҷ буд.
Ҷони ман муштоқи он маҳ, шоҳи дил моти рухаш,
Чашми ӯ бар пили масту арсаи шатранҷ буд.
Ӯ савору ман пиёда, ӯ вазиру ман асир,
Ғуссаи ишқи ману ӯ қиссаи буғранҷ буд.
Мерабуд ӯ кешу имон чун ба ман медод кеш,
Ман асири ҳузну ҳирмон, ӯ ба ғамзу ғанҷ буд.
Бехабар буд аз дили ман, Жола, он ёри азиз,
К-аз гуҳарҳои муҳаббат синаи ман ганҷ буд.
ВАЙЛАНИ МАН
Эй нолаи ту роҳати дилҳои беқарор
В-эй чеҳраи ту манзари чашмони ашкбор.
Бошад чаро ба қалби ҳазинат шикофҳо,
Баҳри чӣ синаат шуда ранҷуру доғдор.
Дорӣ магар ҳавои паричеҳрае ба сар,
Ё гаштаӣ фасурдадил аз дурии нигор?
Баргӯ ба ман зи баҳри чӣ, эй ёри тангдил,
Афкандаӣ ба гардани худ риштае чаҳор?
Инҳо магар нишона зи паймони дӯстист,
К-аз дилбарон барои ту монда-ст ёдгор?
Гоҳе занӣ зи шавқу шааф нағмаҳои хеш,
Гоҳе кунӣ зи сӯзи дарун нолаҳои зор.
Гоҳе диҳӣ ба нола ту шарҳи шаби фироқ,
Гоҳе диҳӣ ба нағма ту пайғоми васли ёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё