Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки лаҳзае, ки барои абад бибандам чашм,
Ба худ нагӯям, мадюни мардуми хешам.
Вуҷуди бесамарам баст кӯлбори сафар.

ҒАМИ МАРО ЧӢ ХӮРӢ?

Ғами маро чӣ хӯрӣ, ман ки зиндагониро,
Чу як анори дурушт,
Чу як анори пуроб,
Ба коми хеш фишурдам,
Фишурдамаш дар мушт.

Фузунтар аз ҳама кас кӯдакона хандидам
Фузунтар аз ҳама кас гиря кардаам пинҳон.
Чу мори ғам ба дилам заҳр рехт, кӯфтамаш
Ки офате нарасонад ба ҳастии дигарон.
Ба сар расида маро чанд асру чандин умр,
Дар интизори фаровону ҷаҳди бепоён.

Ғами маро чӣ хӯрӣ ?

СОЛНОМАИ ЖОЛАИ ИСФАҲОНӢ

Мастона Султонӣ соли 1922 дар Исфаҳон, хиёбони Шайх Баҳоӣ, кӯчаи Маҷлисӣ, ба дунё омад. Падараш Абулқосим, номи модараш Мунаввар, тахаллусаш Жола; Таҳсил дар дабиристони Биҳиштоин, Исфаҳон; Шеъргӯиро аз ҳафтсолагӣ барои арӯсакҳо оғоз кардааст, дар 13-солагӣ нахустин ғазалашро сурудааст. Аввалин ашъораш дар рӯзномаи «Сипанто» ба нашр расида; Пас аз поёни дабиристон дар бонки миллии Эрон, аввал дар Исфаҳон ва сипас дар Теҳрон ифои вазифа намудааст; Соли 1945, ки дар Табрез дар мактаби ҳарбӣ дарс мегуфт, маҷмӯаи аввалинаш бо номи «Гулҳои худрӯ» ба табъ расид; Аввалин шеърхониаш дар соли 1945 дар Кунгураи нависандагони Эрон ҷолиб буд; Худи ҳамон сол бо афсари нерӯи ҳавоӣ доктор Шамсиддин Бадеъ издивоҷ мекунад; Соли 1946 бо шавҳараш ба Иттиҳоди Шуравӣ фирор мекунад. Дар Боку забонҳои русӣ ва туркиро меомӯзад. Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон.
Соли 1949 писараш Бежан ба дунё меояд. Соли 1954 писари дуюмаш Меҳрдод қадам ба дунё мениҳад; Соли 1954 ба Маскав сафар мекунад ва дар Донишгоҳи давлатии Ломоносов аспирант мешавад.
Соли 1959 унвони доктори илмро касб мекунад; Аз соли 1960 то соли 1980 даа Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ифои вазифа меаунад.
Осори илмиаш: «Нимо Юшич— падари шеъри нав», «Шеъри нач чист?», «Орифи Қазвинӣ» тарҷумаи намоишномаҳо ва ҳазор байт шеъри шоирони озорбойҷонӣ; Чопи бист маҷмӯаи ашъораш ба забонҳои дигар; Ҳафт дафтар аз шеърҳояш бо хати форсӣ ва криллӣ дар Тоҷикистон мунташир шудаанд; Соли 1965 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст; Китобҳояш тавассути Иржа Бечка ба забони чехӣ ва тавассути Муҳаммад Мулло Карим ба забонҳои курдӣ ва арабӣ ба нашр расиданд; Соли 1965 китоби шеърҳояш бо номи «Зиндарӯд» дар Москва нашр шуд ва чопи

пешина
аз 263