ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шӯъла, шӯъла сар мекашаду ногаҳон
Хомӯш мешавад.
Оё
Аз амвоҷи каҳкашонҳо
В-аз хотираҳои замон
Фаромӯш мешавад?
ҶУҒРОФИЁИ ҶАҲОН
Ман Шарқу Ғарб дидааму дарк кардаам:
Фарқе намекунад, ки куҷо зиндагӣ кунем,
Мардум ягонаанд, ҷудогона марзҳост.
Ҷуғрофии ҷаҳон
Як шеъри ошиқона барои ману шумост.
ПОСБОНИ ДАРУНӢ
Як шаб зи посбони дарунӣ гурехтам,
Парҳезро, ки ҷоми пуре буд, рехтам.
Пеши ту омадам.
Танҳо канори панҷара чашмат ба роҳ буд,
Шаб буду моҳ буд.
Гуйӣ биҳишти гумшударо ҳарду ёфтем.
Ҷойи ҳазор гуфтаи сӯзон, ки доштӣ,
Дасти маро гирифтаву бо ларзиши хамӯш,
Бар рӯйи қалби пуршарари худ гузоштӣ.
Ҷойи ҳазор қиссаи ғамгин, ки доштам,
Сарро ба рӯйи синаи гармат гузоштам.
Як дам биҳишти гумшударо ҳарду ёфтем.
Ногоҳ посбони дарунӣ зи ҷо парид,
Ҳамчун паланги ваҳшии маҳтобдидае,
Зад наъра бар сарам, ки: «Чаро хоб дидаӣ?»
РӮҲИ ИСЁНГАР
Ба рӯзгори гузашта намехӯрам афсӯс,
Ба он чӣ додаам аз дасту он чӣ буда азиз.
Ба боғҳои шафақранг аз гули бодом,
Ба зиндагонии ороми кӯҳҳои тамиз.
Ба даври кӯдакиву хандаҳои шавқовар.
Ба атри ишқи нахустин, ки чун гули обӣ,
Ба субҳгоҳи ҷавоним ҷовидона дамид.
Ба навбаҳори ҷавонӣ, ки чун парандаи маст,
Ба боғи зиндагиям лаҳзае нишасту парид,
Ба ошёнаи навсоз, гашта зеру забар.
Дареғи ман аз ҷазру мадди ҳодисаҳост,
Ки аз талотуми дарё маро ба дур афканд.
Дилам, ки ташнаи фарёди хашми тӯфон аст,
Зи ҳеҷ лаззати дигар намешавад хурсанд.
Чӣ созам ин ману ин ранҷи рӯҳи исёнгар?
Ба ҳар нафас, ки барорам, ба ҳар куҷо, ки равам,
Ба ҳар даре бизанад фикри чораандешам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо