Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тоқатам аз каф бурун шуд, шуъла бар ҷонам фитод,
Андар он мастию мадҳушӣ надонам чун шудам.
Жола, бо ҳоли парешон чун ба тан боз омадам,
Аз камоли аҷзи худ шармандаю маҳзун шудам.
ДИЛИ МАН
Дили ман ҷои ишқи ҷонон нест,
Дили ман худсару ҳаросон нест.
Ошиқи рӯйи моҳрӯён нест,
Волаи дидагони фаттон нест.
Дили ман чун парандаи озод,
Пойбанди гулу гулистон нест.
Ҳамчу шоҳин баландпарвоз аст,
Суст чун булбули ғазалхон нест.
Дили ман хонаи нишоту вафост,
Ки аз осеби даҳр вайрон нест.
Набувад хаста аз ҷафои фалак,
Зору ғамгин зи ҷаври даврон нест.
Дили ман мазҳари ҷамоли Худост,
Ахтаре ҳамчу он фурӯзон нест.
Ҳаст шайдои шоҳиди азалӣ,
З-ин ҷиҳат хаставу парешон нест.
Дили ман шодмону хурсанд аст,
Ки сарафканда назди виҷдон нест.
Наравад дар пайи ҳавову ҳавас,
Пайрави амру наҳйи шайтон нест.
Дили ман, Жола, тобнок бувад,
К-андар он ғайри нури Яздон нест.
ЛАЗЗАТИ ШОДӢ
Оҳ, ки ҷонам дубора пур зи шарар шуд,
Боз ду чашмам зи ашк ғарқи гуҳар шуд.
Боз пурошӯб гашт хотири зорам,
Кохи вуҷудам зи ранҷ зеру забар шуд.
Боз баҳорам гузашт бо ғаму ҳасрат,
Боз зимистон расиду сол дигар шуд.
Мегузарад барқвор даври ҷавонӣ,
Ҳайф, ки бо дарду ранҷ умр басар шуд.

пешина
аз 263
навбатӣ