Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бахти бадам бин, қалам шикаст дар ин ҷо,
Чун ба шикоят расид кор батар шуд.
Оре, ҳаргиз надид рӯйи саодат,
Он ки парешондил аз қазову қадар шуд.
Лаззати шодӣ набарад хотири ғамгин,
Чеҳраи ҷонон надид дида чу тар шуд.
Шодии гул бин даруни ҷомаи садчок,
Хуни ҷигар хӯрду хандае заду пар шуд.
Мулки қаноат гузин, ки хотири ором,
Нест насиби касе, ки соҳиби зар шуд.
Жола, ба некӣ гарою сулҳу сафо ҷӯ,
То ки нагӯӣ: дареғ, умр ҳадар шуд...
ОЙИНИ МУҲАББАТ
Дар фироқат кори ман ҷуз нолаи шабгир нест,
Гарчи медонам дар олам ноларо таъсир нест.
Ҳалқаи зулфи ту шуд банди дили девонаам,
Мубталои доми ғамро ҳоҷати занҷир нест.
Қисмати ман аз азал ин толеи баргашта буд,
Ҳеҷ касро қудрати пайкор бо тақдир нест.
Кай тавон бо ақлу кӯшиш бахтро тағйир дод?
Он чӣ бахшиданд моро қобили тағйир нест.
Ҳаст ойини муҳаббат иффату озодагӣ,
З-он ки дар ишқи ҳақиқӣ ҳиллаву тазвир нест.
Гарчи дил оташ занад бар хотири афсурда, лек
Дар мақоми ишқбозӣ дида бетақсир нест.
Кай фурӯ резад зи мижгон ашки ҳасрат Жолавор,
Он кӣ аз ҳиҷрони ёрон хаставу дилгир нест?
УМЕД
Дар канори уфуқ ситораи субҳ,
Бо рухи тобнок гашт падид.
Булбуле бо навои шӯрангез,
Бӯсае аз гуле гирифту парид.
Ашки поке зи дидаи махмур,
Бидурахшиду хуш фурӯ ғалтид.
Рух барафрӯхт ғунчаи зебо,
Навгуле дар миёни сабза дамид.

пешина
аз 263
навбатӣ