ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Байни мурғони чаман рехта болу пари ман,
Баски бар тоири рӯҳам қафас оварда фишор.
Шиква аз чарх надорам, барӣ аз хештанам,
Шодӣ арзонии гул боду ғам арзонии хор.
Чеҳраи Моҳ фурӯзанда бар амвоҷи сапед,
Бувад он гуна, ки дар ойина рахшад рухи ёр.
Жола, аз оташи ғам нест нагардад, зеро
Дидааш ашкфишон асту дилаш гавҳарбор.
УНСУРИ НОПОК
Масдари кор агар унсури нопок набуд,
Вазъи ин мулки ситамдида асафнок набуд.
Як нафар дошт агар хуни Фаридун дар тан,
Беш аз ин кишвари Ҷам дар кафи Заҳҳок набуд.
Решакан мешуд агар унсури фосид з-ин мулк,
Ин қадар боғи Ватан бар хасу хошок набуд.
Ғафлату сустии мо шуд сабаби пастии мо,
Ба Худо, душмани мо гардиши афлок набуд.
«Тӯда»-и ранҷбар ин гуна намекушт фақир,
Соҳиби сим агар сифлаву саффок набуд.
Насли оянда ба беҳисии мо механдад,
Сустӣ аз мост, хато ҷониби тарёк набуд.
Гар набудем чунин беҳунару нолоиқ,
Жола, аз дарду маҳан бар сарамон хок набуд.
ҶАВОНӢ
Ҷавонӣ ту, эй гулшани орзуҳо,
Ҷаҳон аз ту гирад ҳама рангу бӯҳо.
Туӣ беҳтарин шоҳкори табиат,
Туӣ махзани ишқҳо, орзуҳо.
Гули шодмонӣ ба рӯйи ту хандад,
Зи шавқи ту булбул кунад гуфтугӯҳо.
Саҳаргоҳ сунбул ба тарфи гулистон,
Парешон намояд ба ёди ту мӯҳо.
Аз они ту бошад ҳама шӯру шавкат,
Туӣ мазҳари қадрҳо, обрӯҳо.
Диле аз хатое агар лака гирад,
Нагардад дигар пок аз шустушӯҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё