ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Мо ошиқем, лек на бар ёри сарвқад,
Саргаштаи муҳаббати маъбуди дигарем.
Дил мешавад зи ранҷу ғам осуда он замон,
К-аз пеши дида пардаи авҳом бардарем.
Шодӣ гузин ба тарфи гулистон ту Жолавор,
Дунё наарзад он ки нишинему ғам хӯрем.
ХУДСИТОӢ
Субҳдам навгуле ба тарфи чаман,
Бо шакарханди дилнишин во шуд.
Ҷилваҳо карду гунаҳо афрӯхт,
Тозаву дилфиребу зебо шуд.
Гули шодоб байни ҳамқадрон,
Ончунон дилкашу дилоро шуд.
Ки рухаш гашт зиннати бустон,
Байни гулҳои боғ якто шуд.
Чун ҷамолаш раҳи камол гирифт,
Худписандӣ дар он ҳувайдо шуд.
Нозҳо карду худфурӯшиҳо,
Рӯзаш ин сон гузашту фардо шуд.
Ногаҳон чеҳраи чу ёқуташ,
Зарду афсурдаву ғамафзо шуд.
Пора шуд ҷомаи дилорояш,
Устухонаш тамом пайдо шуд.
Чеҳрааш гашт пиру пажмурда,
Зи ғаму дард қоматаш то шуд.
Лоҷарам гашт ҳамрикоби сабо,
Зору овора сӯйи саҳро шуд.
Жола, ҳар кас, ки худситоӣ кард,
Оқибат хор гашту расво шуд.
ТОИРИ ҚУДС
Ман, ки аз бахти бади хеш парешонаму зор,
Ба чӣ кор оядам ин бӯйи гулу боди баҳор?
Нолаи мурғи чаман тоза кунад дарду ғамам,
Ҷилваи гул бибарад аз дили ман сабру қарор.
Он дили зор, ки бо дарду маҳан хӯ дорад,
Муштамил мешавад аз бӯйи гулу бонги ҳазор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё