ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ман он гули шукуфтаи бустони хилқатам,
К-аз хуни дил чу соғари сурх аст рӯи ман.
Дар фасли гул бисоти чаман зеру рӯ кунад,
Гар бишнавад насими саҳар гуфтугӯи ман.
Дишаб касе зи гиряи зорам хабар нашуд,
Ҷуз Маҳ, ки буд то дили шаб рӯ ба рӯи ман.
Эй Моҳи нав, ба ҳоли дили ман гувоҳ бош,
Бингар чӣ гуна ғам бифишорад гулӯи ман.
Набвад маро ба ғайри ғаму дард қисмате,
З-ин рӯ сипеҳр хун кунад андар сабӯи ман.
Зиндон бувад барои ман ин ҷисми дардманд,
Ман худ зи хеш сераму халқе зи хӯи ман.
Бас нагзарад, ки мешавам аз дӯстон ҷудо,
Дигар касе суроғ нагирад зи кӯи ман.
Ман меравам ба мақсаду мақсуд мерасам,
Ёрон кунанд, Жола, абас ҷустуҷӯи ман.
ҶАВРИ ТАБИАТ
Ба доми ҷаври табиат чӣ сахт побандам,
Куҷост марг, ки бар васлаш орзумандам?
Чу умр бигзарад ин сон ба ранҷу бадбахтӣ,
Зи рӯзгори ҷафокор дида мебандам.
Аҷаб, ки бо ҳама талхиву сахтии айём,
Зи ранҷ бурдану мурдан чӣ гуна хурсандам?
Маро, ки беҳ нашавад дарди ҷонгудози дарун,
Чаро диҳанд табибони бехирад пандам?
Агарчи ғам биниҳода-ст доғҳо ба дилам,
Чу лола бар фалаки дун ҳамора механдам.
Зибаски мардуми чашмам рамида аз мардум,
Бар он шудам, ки дигар бо башар напайвандам.
Муҳити паст маро кард, Жола, бемиқдор,
Ба хеш ин ҳама хорӣ чӣ гуна бипсандам?
БИҲИШТИ МАН
Оғуштаанд бо ғаму меҳнат сиришти ман,
Ё Раб, чӣ буд рӯзи азал сарнавишти ман?
Бар мо замона чеҳраи зебо нишон надод,
Ё кӯр буд дидаи ин бахти зишти ман?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё