ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Аз ҷӯйи ғам ниҳоли дилам об мехӯрад,
Хоҳӣ, ки ғам набошад ин маҳсули кишти ман.
Бигзашт навбаҳори ҷавонӣ ба орзу,
Оре, гузашт ҷилваи урдибиҳишти ман.
Ёд оваред з-ин дили хунини доғдор,
Рӯзе, ки лола сар занад аз хоку хишти ман.
Жола, маро биҳишти барин нест орзу,
Зеро ки ҳаст ин дили зебо биҳишти ман.
КАВКАБИ ИҚБОЛ
Эй ғунчаи бахти мани дилсӯхта во шав!
Эй мурғи ҳазини дили ман, нағмасаро шав!
Эй қалби парешони ман, аз сина бурун ой,
Эй рӯҳи ситамдида, аз ин ҷисм ҷудо шав!
Озод шав аз ин қафаси тори ғамангез,
Осуда зи ранҷи ҷасади бесару по шав!
То чанд кашам бори ғами зиндагии талх?
Эй марг, бар ин хотири пурдард даво шав!
Эй дида, ба нокомии ман ашк фурӯ рез,
Якчанд аз он оби равон ғарқи сафо шав!
Эй мурғи саҳар, нола ба ёди дили ман кун,
Эй булбули шӯрида, биё, ҳамдами мо шав!
Эй ахтари рахшандаи ҷон, чеҳра барафрӯз,
Эй Моҳи фурӯзандаи дил, нури фазо шав!
Бар Жолаи савдозада, эй кавкаби иқбол,
Якчанд дурахшанда ту аз баҳри Худо шав!
РӮЗГОРИ ГУЗАШТА
Рӯзгоре дили ман шефтаи рӯйи ту буд,
Хотирам баста ба меҳри рухи дилҷӯйи ту буд,
Дидаам бар дигарон, рӯйи дилам сӯйи ту буд,
Каъбаи ҳоҷати ман хоки сари кӯйи ту буд.
Мани меҳнатзада бо меҳри ту будам дилшод,
Буд вайронаи дил аз ғами рӯят обод.
Чӣ басо ашк, ки аз дида намудам ҷорӣ,
Кардам, эй Моҳ, басе дар ғами ҳаҷрат зорӣ,
Умри ман тай шуду ҳеч аз ту надидам ёрӣ,
Рафт аз дасти мани сӯхтадил худдорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё