Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба Худо хаста шудам, зору парешон гаштам,
Сер аз ин зиндагии бесару сомон гаштам.

Манам он лола, ки аз доғи вафо сӯхтаам,
Хуни дил мехӯраму чеҳра барафрӯхтаам,
Дар ниҳонхонаи дил бори ғам андӯхтаам,
Дидаи зор ба рухсори маҳе дӯхтаам.

Ҳама шаб хуни дил аз дида сарозер кунам,
Ҳамчу мурғи саҳарӣ нолаи шабгир кунам.

Бирав, эй ҷону дили Жола фаромӯшам кун,
То абад бо ғаму андӯҳ ҳамоғӯшам кун,
Дар фироқи рухи худ волаву мадҳушам кун,
Шуълаи ғам ба дилам афкану хомӯшам кун.

Набиё, эй маҳи ман, панди маро гӯш макун,
Он кӣ дар роҳи ту ҷон дод, фаромӯш макун.

ШАБИ ДАЙҶУР

Дур шав, эй орзу, зи хотири ман дур,
Рахт бибанд, эй умед, з-ин дили пуршӯр.

Дарди маро ғайри марг нест давое,
Чора надорам, чу гашт ахтари ман кӯр.

Чанд зи ҳасрат чу шамъ сӯзаму созам,
Чанд шикоят кунам зи хотири ранҷур?

Гар фалаки паст ёру ёвари ман нест,
Нестамаш дар иваз чу бандаву муздур.

Носеҳ гӯяд: Бирав, ба зоҳири хуш бош,
Ман натавонам ба ҳеч бошам масрур.

Чун дилам озурда аз муҳити хароб аст,
Нола кунам, то хароб гардад маъмур.

Ҷомеъа зоҳирписанду молпараст аст,
Рӯз дусад саҷда мекунад ба зару зӯр.

Душмани якдигаранд орифу омӣ
Ришвахӯру худсаранд омиру маъмур.

Ҳар кӣ тавонад дурӯғ беҳтар гӯяд,
Зудтар ӯ дар мақом гардад машҳур.

Жола, маро з-ин муҳит нест умеде,
Рӯ накунад офтоб дар шаби дайҷур.

БА СУРОҒИ ДИЛ

пешина
аз 263
навбатӣ