ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Кош ин гунбади мотамзада ворун мешуд,
Ё маро зиндагии талх дигаргун мешуд.
Агар ин умри пур аз машғала поён меёфт,
Зиндагӣ орӣ аз афсонаву афсун мешуд.
Маънии ин ҳама ҷонсахтию бадбахтӣ чист?
Хуррам он кас, ки аз ин доира берун мешуд.
Дӯш рафтам ба суроғи дили шӯридаи хеш,
Дидамаш бол ба ҳам мезаду дар хун мешуд.
Гар мани ғамзадаро ин ҳама омол набуд,
Хотирам камтар аз ин хаставу маҳзун мешуд.
Гар набуд ин дили савдозада хунин, Жола,
Кай сиришки мани дилсӯхта гулгун мешуд?
МУРҒИ ПАРБАСТА
Зи ғам боз гардун зад оташ ба ҷонам,
Ғамин шуд дубора дили шодмонам.
Замоне чӣ хуш масту мадҳуш будам,
Ки хомӯш будӣ шарори ниҳонам.
Кунун боз афсурда шуд хотири ман,
Дигарбора пурашк шуд дидагонам.
Гирифтанд мулки дилам орзуҳо,
Рабуданд якбора тобу тавонам.
Дилам хун шуд аз ғам, ки ҳамчун шақоиқ,
Гуле доғдор андар ин бӯстонам.
Шавам гоҳ хандон чу шамъи фурӯзон,
Чу бинам дар оташ бисӯзад равонам.
Ман аз ин ҷавонӣ надидам ҷамоле,
Ба ҷуз он ки донам баландормонам.
Зи худ дар шигифтам аз он рӯй, Жола,
Чаро мурғи парбаста дар ошёнам?
ГИЁҲИ МУҲАББАТ
Ошиқ:
Нигоро, аз аввал чаро аҳд бастӣ?
Чаро аҳд бастӣ, ки охир шикастӣ?
Зи паймон шикастан диламро шикастӣ,
Гули ман, диламро зи баҳри чӣ хастӣ?
Маъшуқ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё