Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қасди мо з-он ҳама озори ту буд,
Ранҷу озори дили зори ту буд.
Ошиқ:
Ба доми ту умре гирифтор будам,
Туро аз дилу ҷон харидор будам,
Чӣ кардам, ки маҳкуми озор будам?
Гуноҳам ҳамин бас вафодор будам.
Маъшуқ:
Баъд аз ин ёри вафодор мабош,
Ошиқи зори гирифтор мабош.
Ошиқ:
Баҳоро, макун ҷилва дигар ба боғам,
Маорой чеҳра, макун тоза доғам,
Магир, эй маҳи ман, зи мардум суроғам,
Бирав, то зи ҳаҷрат бимирад чароғам.
Маъшуқ:
Меравам ин ҳама фарёд макун,
Баъд аз ин ишқи маро ёд макун.
Ошиқ:
Куҷо меравӣ, эй маҳи тобнокам,
Ки берун нахоҳӣ шуд аз қалби покам?
Дар он дам, ки ҳаҷрат намояд ҳалокам,
Гиёҳи муҳаббат бирӯяд ба хокам.
Маъшуқ:
Ваҳ, ки дар ғам чӣ қадар ҷонсахтӣ,
Ростӣ ғамзадаӣ, бадбахтӣ.
Ошиқ:
Биё, лутф кун, эй маҳи меҳрубонам,
Ки сӯзи фироқат зад оташ ба ҷонам,
Чӣ ҳосил, ки гӯям чунинам, чунонам?
Ту худ сӯзи дил бин дар ашки равонам.
Маъшуқ:
Дида аз ҳаҷри маҳе тар гардад,
Ашки рахшандааш ахтар гардад.
Ошиқ:

пешина
аз 263
навбатӣ