ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ҷамолат зи шодӣ дурахшон шавад.
Замона ба меҳри туам карда пир,
Биё, рози бинҳуфтае гӯш гир.
Бигӯям ба гӯши ту ногуфта роз,
Ба шарте ки бо кас нагӯеш боз.
Чу мегӯям ин қисса ғамгин машав,
Дилозурда з-ин моми мискин машав.
Шаҳин:
Ту, эй роҳати ҷон, биё, роз гӯ,
Зи ғам ҳар чӣ дорӣ ба ман бозгӯ.
Ба меҳрат қасам то барорам нафас,
Нагӯям ман ин рози пинҳон ба кас.
Доя каме пештар рафта бо чеҳраи гирифта ва мармуз мегӯяд:
Ту шаҳзодахонум Шаҳин нестӣ,
Худованди мулку замин нестӣ.
Туӣ духтари доя, эй тирарӯз,
Манам модарат, эй маҳи дилфурӯз.
Малик духтари хеш бар ман супурд,
Дар оғӯши ман рӯзе он тифл мурд.
Ман он гоҳ бо хотире дарднок,
Шаҳинро ниҳонӣ супурдам ба хок.
Ба пинҳон ниҳодам туро ҷои ӯ,
Ту гаштӣ Шаҳин, эй маҳи хубрӯ.
Аз ин рози пинҳон кас огоҳ нест,
Касеро дар ин корҳо роҳ нест.
Мабодо бигӯӣ ту бо Шаҳриёр,
Ки гар ӯ бидонад шавад корзор.
Кунун охирин шаб биё сӯи ман,
Бизан, духтарам, бӯса бар рӯи ман.
Шаҳин бо қиёфаи ғамгин ва музтариб мегӯяд:
Ман агар шаҳзодахонум нестам,
Кистам? Овах, киям? Ман кистам?
Хоҳам ин рози ниҳонро бозгуфт,
Фош гӯям, чун шудам, чун зистам.
Доя домани Шаҳинро бо тазарруъ гирифта мегӯяд:
Магӯ, хонаи хеш вайрон макун,
Маро низ зору парешон макун.
Шаҳин якбора аз ҷо бархоста ҷавоҳирот ва зиннату зеварро аз худ бардошта ба дур меафканад ва мегӯяд:
Онро, ки ба бӯстони ҷаҳон баргу наво нест,
Гадо нест,
Он аст гадо, к-ӯ ғамаш аз ҷавру ҷафо нест,
Ҳаё нест.
Имрӯз, ки ман хаставу маҳзуну фақирам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё