ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Асирам,
Бигзор бибинам, ки дар ин даҳр вафо нест,
Сафо нест.
Доя ва надимаҳо бо ҳам:
Вафо нест,
Вафо нест.
Шаҳин:
Фахрам ба тило нест, корам ба ҷафо нест,
Хоҳам, ки бидонам: Вафо ҳаст ва ё нест.
Ҳама бо ҳам:
Вафо нест,
Вафо нест.
Шаҳриёр ворид мешавад ва ба оҳанги шируну дилнавоз мегӯяд:
Шаҳини азиз, эй гули шоди ман,
Чаро ин қадар зору пажмурдаӣ?
Бигӯ, имшаб, эй булбули нағмахон,
Чаро зери пар сар фурӯ бурдаӣ?
Ту, эй роҳати ҷони муштоқи ман,
Зи баҳри чӣ маҳзуну афсурдаӣ?
Шаҳин:
Шаҳин нестам, ман гадозодаам,
Зи чашми ту чун ашк афтодаам.
Манам духтари дояи шӯрбахт,
Аз ин пас маро рӯзгор аст сахт.
Надорам дигар обу мулку замин,
Бирав баҳри худ ёри дигар гузин.
Набошам дигар лоиқи Шаҳриёр,
Чӣ созам, чу гардун маро кард хор?!
Маро гулшани орзу шуд хазон,
Хазон гашт он боғу он бӯстон.
Дилам чун шақоиқ пур аз доғ шуд,
Дигар хотирам хаста аз боғ шуд.
Дареғо, замона маро хор кард,
Маро хору зору гирифтор кард.
Ба як лаҳза ҷоҳу ҷалолам гирифт,
Парам ғарқи хун карду болам гирифт.
На дигар маро Шаҳриёрест ёр,
На ӯро дигар бо Шаҳин аст кор.
Шаҳин духтари зору маҳзун бувад,
Чӣ кораш бад-он шоҳи бечун бувад?
Аз ин пас маро зиндагӣ мушкил аст,
Ки ҳамрози ман ашку оҳи дил аст.
Сазад гар ҳама умр зорӣ кунам,
Ба сӯзи дарун ашк ҷорӣ кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё