ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ба дӯши рӯҳ чӣ сангинии дилозорест,
Хаёли он ки раҳе нест дар паси бунбаст!
Барои мардуми раҳрав дар ин ҷаҳони фарох
Ҳазор роҳи раҳоиву рӯшноӣ ҳаст!
ЗАН ВА МОҲ
Рӯй худ дид дар оинаи зани зебое,
Маҳваше, лоларухе, сарви сиҳиболое.
Масту мағрур шуд аз ҷилваи зебоии хеш,
Гашт дилбохтаи чеҳраи руъёии хеш.
Гуфт: Чун ман рухи рахшанда куҷо дорад Моҳ?
Кай бувад Моҳ зи ошӯби нигоҳам огоҳ?
Маҳ куҷо ин ҳама асрори худоӣ дорад?
Чашми афсунгару гесӯи тилоӣ дорад?
Зани мағрур чу аз ойина бардошт нигоҳ,
Дид аз панҷара фонуси фурӯзандаи Моҳ.
Қасри нилуфарии чарх чароғон карда-ст,
Зи гули чеҳра барошуфта шуд аз бими шикаст.
Гуфт, эй Моҳ, туро бояд нобуд кунам,
Рӯйи рахшони туро зишту меҳолуд кунам.
Оям акнун ба сари қуллаи он кӯҳи баланд,
Орамат, эй Маҳи рахшанда ниҳонӣ дар банд.
Дар яке дарраи торик кунам партобат,
То бимирӣ туву нобуд шавад Маҳтобат.
Зан чу оҳуи гурезон ба биёбонҳо рафт,
Бо басе ранҷ зи кӯҳи сияҳе боло рафт.
Дасти худ кард ба сӯйи Маҳи тобанда дароз,
Ногаҳон пой билағзидашу афтод зи ноз.
Зарбаҳо хӯрд зи ҳар санги сияҳ бар сари ӯ,
Лаҳзае баста шуд аз дард ду чашми тари ӯ.
Моҳ ором бар он ғамзада шуд нурафшон,
Бӯса зад бар рухаш оҳиставу гуфташ хандон.
Гар бибинӣ, ки маро рӯй дурахшон бошад,
Ин дурахшандагию равшанӣ аз он бошад,
Ки шабонгоҳ кунам чеҳра чароғи дигарон,
Равам аз меҳр ба сарвақту суроғи дигарон.
Ҳар куҷо кулбаи торику парешоне ҳаст,
Кулбаи пиразани музтару беноне ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё