ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Занем бӯса ба дастони меҳрубони Ватан,
Ки модар асту ба фарзанди худ вафодор аст.
Парандагони муҳоҷир! Муҳоҷирони ғаюр,
Шумо, ки ошиқи парвози авҷҳо ҳастед.
Шумо, ки душмани дерини тоҷу тороҷед,
Шумо, ки аз ҳама таслимҳо раҳо ҳастед.
Кунун ба шавқ шитобед сӯйи ёру диёр,
Ба пешгоҳи Ватан хам кунем сарҳоро.
Ба ҳар мазори шаҳидаш ниҳем лолаи сурх,
Кунем боғи баҳорон «Биҳишти Заҳро»-ро.
Парандагони муҳоҷир! Ғами фироқ гузашт,
Расид муждаи дидору мавсими шодӣ.
Бас интизор кашидему оқибат дидем,
Ки дид Меҳани разманда рӯйи озодӣ.
Замона нав шада акнун замони навсозист,
Замони коштану парварондани уммед.
Ки баъди он ҳама осеб бишкуфад Эрон
Ва аз саҳаргаҳи торих сар занад Хуршед.
ПАРАНДАГОНИ МУҲОҶИР—2
Парандагони муҳоҷир дар ин ғуруби хамӯш,
Ки абри тира тан андохта ба қуллаи кӯҳ.
Шумо шитобзада роҳии куҷо ҳастед,
Кашида пар ба уфуқ так-таку гурӯҳ-гурӯҳ?
Чӣ шуд, ки рӯй ниҳодед бар диёри дигар?
Чӣ шуд, ки аз чамани ошно сафар кардед?
Магар чӣ дарду шиканҷе дар ошён дидед,
Ки азми дашту даманҳои дуртар кардед?
Дар ин сафар, ки хатар дошт бешумор, оё
Зи корвони шумо ҳеч кас шаҳид шуда-ст?
Дар ин сафар, ки шуморо умед бадрақа кард,
Диле зи ранҷи раҳи дур ноумед шуда-ст?
Чаро ба сардии дай тарки ошён кардед,
Барои лаззати кӯтоҳи гармии танатон?
Ва ё даруни шуморо шарорае месӯхт,
Ки буд ташнаи хуршед ҷони равшанатон?
Парандагони муҳоҷир! Дилам ба ташвиш аст,
Ки умри ин сафари дуратон дароз шавад
Ба боғ боди баҳор ояду бидуни шумо,
Шикуфаҳои дарахтони себ боз шавад!
Талоши доими пуршӯр медиҳад имкон,
Ки боз бӯсаи шодӣ бар ошёна занед.
Миёни нағмаи мастонаи парастуҳо,
Шумо ҳам аз таҳи дил бонги шодмона занед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё