ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Парасту - духтари як қоиқрон;
Тазарв - коргари бекор, номзади Парасту;
Маҷидӣ - даллоли қочоқчӣ, хостгори Парасту;
Райис - коргузини идораи тасфияи нафти Ободон;
Модари Парасту;
Пулис;
Коргарон;
Меҳмонон;
1
Замин,
Ин модари ҷовиди ҳастиофарин,
Ки ҳар дам зояду ҳар дам хӯрад фарзандҳояшро,
Нишаста рӯйи боли қарнҳо,
Пайваста,
Мечархад.
Мегардад.
Бе он ки шавад хаста.
Чу хандад аз даҳони кӯҳҳо оташ фурӯ резад,
Чу гиряд аз сиришкаш беамон селобҳо хезад,
Чу хашм орад дар уқёнусҳо тӯфон барангезад.
Замин - ин модари меҳрофарин,
Ба фарзанди худ инсон бахшиши беинтиҳо дорад,
Барои ӯ умеду шодию обу ҳаво дорад.
Ҳавои равшан,
Оби пок,
Шодии фурӯзанда
Ва умед ба оянда,
Ба номи ин умед акнун бигӯям саргузаштеро.
2
Маҳ тира-ст,
Ҳавои гарму нафтолуди Ободон,
Нафасгир аст.
Бибин аз дур майдонро,
Бибин анбуҳи ҷӯшонро,
Миёни хайли бекорон,
Нигаҳ кун бар Тазарви ман,
Ки пушти он дари баста,
Тамоми шаб нишаста,
Бо ду чашми хастаи бедор,
Барои кор.
Умеду бим ҳар лаҳза биларзонад дили ӯро,
Ба ёд орад Парастуро,
Ки рӯзу шаб бувад чашминтизораш бар лаби Корун.
Зи пушти кӯҳҳо,
Хуршеди оташзо,
Ҳазорон ханҷари сӯзанда зад бар он дари баста.
Дари беэътинои корхона гашт кам-кам боз,
Рӯз шуд оғоз.
Чашмҳо хира ба дар,
Танҳо ҳама ларзон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё