ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Нафасҳо тунду сӯзон,
Кор. Кор.
Ҳайкале девонавор,
Аз дар бурун омад,
Се танро пеши худ хонд аз миёни он ҳама бекор
Тазарв:
Пас мо, ки як сол аст, бекорем?
Мутасаддии коргузинӣ:
Сазоворед,
Шумо ошӯбгар ҳастед,
Шумо бекораву пастед.
Тазарв:
Бародарҳои заҳматкаш!
Сукуту сабр беш аз ин,
Барои мо гарон бор аст,
Ситамкаш гар бисозад бо ситамҳое, ки мебинад,
Нигаҳдори ситамкор аст.
Бибин хашму ҳаёҳуро,
Бибин марди сухангӯро,
Ки бо сарнайзаҳо бурданд.
3
Зи нури нуқрае, к-аз равзани зиндон дамад пайдост,
Ки саҳро ғарқи Маҳтоб аст,
Тазарви ман чу бози дар қафас афтода бетоб аст.
Ба ёд орад Парастуро,
Нигоҳу хандаи ӯро,
Гузашта моҳҳо монда ҷавон дар гӯшаи зиндон.
Миёни қотилон, дуздон,
На ҳукмеву на қонуне, на имрӯзе на фардое,
Зи озодон набинад ҳеч касро ғайри зиндонбони расвое,
Ҳаюлое чу санги сарди қабристон.
Ба гӯш ояд садои по,
Дари зиндон чаро бевақт имшаб боз шуд?
Ин кист?
Оё ҳукми қатл оварда, ё фармони озодӣ?
Ғам аст ин, ё ки шодӣ?
Тазарв:
Кистӣ?
Маҷидӣ:
Оқо, натарсед,
Бо шумо ҳастам бародар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё