Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Парасту:

Кафан мепӯшаму инро намепӯшам.

Модар:

Бирав берун аз ин хона,
Ба ҳар гӯре, ки мехоҳӣ,
Бирав, гум шав.

Парасту:

Ба амри ту,
Худо ҳофиз!

Парасту рафту модар лаҳзае дигар пушаймон шуд,
Парешон шуд.

Модар:

Куҷо рафт ӯ?
Парасту!
Духтари ман.
Хоки олам ба сари ман,
Хоки олам бар сари ман,
Зору гирён шуд.
Саросема зи ҷо бархост то аз дар равад берун

Тазарв омад,
Чу дид он ошиқи шайдо,
Парастуяш парида,
Рафт то ӯро кунад пайдо.

5

Парасту рафта дар ҷангал.

Парасту:

Дарахтон, дӯстони ман, чаро хомӯшу берангед,
Магар имшаб шумо ҳам мисли ман танҳову дилтангед?
Ту, эй нахли ҷавон,
Ҳис мекунӣ як зарра дардамро?
Ғамамро, шодиамро,
Орзуямро, набардамро?
Ту, эй мавҷуди лоли лоуболӣ, ваҳ, чӣ хушбахтӣ,
Дарахтӣ,
Дил надорӣ чун гули оташ,
Ҳамеша сабзиву ҳар лаҳза боде ҳарзасозе зад,
Ба рақс оӣ.
Чӣ рақси ваҳшии мудҳиш,
Чӣ айши бесарупое,
Ба ту арзонӣ ин шодӣ.
Ба ман ин номуродӣ... Оҳ,

пешина
аз 263
навбатӣ