ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Зи дур ояд садое ошно:
Парасту пайки пуршӯри баҳорон,
Умеди равшани чашминтизорон.
Лаби дарё гули худрӯ дарумад,
Биё, шодӣ кунем ҳиҷрон сарумад.
Парасту бо Тазарваш рӯ ба рӯ шуд,
Чӣ дидоре?
Чӣ хурсандии саршоре?
Фақат он кавкаби хомӯш медонад,
Чиҳо гӯянд онҳо бе сухан бо ҳам,
Зи шодӣ ҳарду мерақсанд,
Ҷангал низ мерақсад.
Парасту:
Чӣ хушбахтем,
Ҳамеша бо ту хоҳам буд
Тазарв мехонад:
Маро бибӯс, маро бибӯс, барои охирин бор,
Худо туро нигаҳдор.
Ки меравам ба сӯйи сарнавишт,
Ба ҷустуҷӯи сарнавишт.
Дар миёни тӯфон, ҳампаймон бо қоиқронҳо,
Гузашта аз ҷон, бояд бигзашт аз тӯфонҳо.
Ба нимашабҳо, дорам ба ёрам паймонҳо,
Ки барфурӯзам оташҳо дар кӯҳистонҳо.
Шаби сияҳ саҳар кунам, зи тирараҳ гузар кунам,
Нигаҳ кун, эй гули ман,
Сиришки ғам маяфкан, барои ман ба доман.
Парасту:
Магар оҳанги рафтан дорӣ?
Тазарв:
Оре.
Чора ҷуз ин нест.
То кай гоҳ зиндон, гоҳ бекорӣ?
Парасту:
Кай меравӣ?
Тазарв:
Имшаб.
Парасту:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё