ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Парасту пайки пуршӯр баҳорон,
Умеди равшани чашминтизорон.
Ту дар парвоз бояд зинда бошӣ,
Баҳори пургули оянда бошӣ.
БАРХЕЗ
Бархез, ки мурғи саҳар овоз баровард,
Шаҳбози тилоии фалак боз заминро,
Дар зери пар овард.
Бархез, ки ҳар зарра сиёҳӣ,
Шуд шабпараи кӯчаку аз равзана бигрехт,
Бар чарх равон шуд.
Бо ахтари шабгард ба рақс омаду он гоҳ
Аз дида ниҳон шуд.
Бо хотирае талху ҳазин хуфтӣ агар дӯш,
Бархезу кун аз хотираи талх фаромӯш,
К-имрӯз ба коми ту бувад чашмаи Хуршед,
Ҷӯшандаву лабрез,
Аз шодиву уммед.
Гар мӯйи ту аз гардиши айём сапед аст,
Бархез!
Ҳайф аст, ки ин солу маҳи бозпасинро,
Ғофил диҳӣ аз даст.
Бархез ту ҳам, эй, ки ҷавониву шукуфон,
Бишкуфта баҳорон,
Бархез!
Ки ояндаи ту мунтазири туст,
Пуршӯру шитобон.
Эй хуфтаи шабҳои сияҳ субҳ баромад,
Бедор шав, бедор.
Бисёр ба гӯши ману ту,
Шуъбадабозон,
Хонданд лолоӣ,
Доданд ба мо ваъдаи як хоби тилоӣ,
Гуфтанд басе қиссаи ширин,
То он ки бихобем,
Хобе — марговару сангин.
Хуршед, вале сар заду рӯзи дигар омад,
Он хоб парид аз сару он қисса сар омад.
Бархез!
Ки ҷаҳоне шуда бедор,
Бархез!
СИТОРАИ ҚУТБӢ
Биханд бар мани пурсӯз, эй ситораи қутбӣ,
Ту илтиҳоб чӣ донӣ, ки рӯшноии сардӣ?
Ман он шарораи сӯзони қалби гарми заминам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё