ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ту он ситораи осудаи сипеҳрнавардӣ.
Чӣ суд он ҳама зебоии хамӯши фусунгар,
Агар надорӣ сӯзе вагар надорӣ дарде?
Чӣ арзише бувад он зиндагонии абадиро,
Агар ки нест умеде вагар ки нест набарде?
Намедиҳам ба ту як лаҳза умри кӯтаҳи худро,
Ҳазор қарн агар зиндагӣ куниву бигардӣ.
Матоб бар мани бетоб, эй ситораи қутбӣ,
Ки ман шарораи гармам, ту рушноии сардӣ.
БУНАФША
Гули ман, эй бунафшаи зебо,
Сар бурун кардаӣ зи барф чаро?
Бин сари мо шудӣ чӣ гуна кабуд,
Охир ин фасли растани ту набуд.
Ҳама гулҳо зи боғ дур шуданд,
Сӯйи гулхона бо сурур шуданд.
Ту дар ин боғ чун манӣ танҳо,
Ман ба гулзор чун туам шайдо.
Инак, аз шохаат ҷудо созам,
То зи сармо туро раҳо созам.
Занам оҳиста бӯса бар рӯят,
Волаву маст гардам аз бӯят.
Ту бибар сӯйи ӯ паёми маро,
Гӯ ту, эй талхкарда коми маро:
Гоҳ-гоҳе зи лутф шодам кун,
Ман ба ёди туам, ту ёдам кун.
Ё чу ӯро бибинӣ, эй гули ман,
Нигаҳаш кун фақат. Магӯй сухан.
Ки хамӯшӣ забони роз бувад,
Ишқ аз гуфта бениёз бувад.
Ӯ туро рӯйи сина биншонад,
Бар ту аз меҳр нағмаҳо хонад.
Кунадат гарм з-оташи дили худ,
Шамъ созад туро ба маҳфили худ.
Эй бунафша, ту эй гули зебо,
Гули маҳбуби Жолаи шайдо.
Ҷонгудоз аст меҳри он маҳваш,
Бохабар бош з-оташи ишқаш.
Чун шавӣ гарму рух фурӯзӣ ту,
Ман аз он сӯхтам, насӯзӣ ту.
ФАРЁДИ БЕСАДО
Фарёди гунг дар дили ман мурғи ташнаест,
Афтода дар қафас,
Фарёди бетанин, ки садояш намерасад,
Бар гӯши ҳеч кас.
Фарёди бесадо,
Монанди сел садди диламро шикофта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё