ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Наорем гар рӯ ба даргоҳи Ту,
Напӯем аз ҷон агар роҳи Ту.
Куҷо ин равонҳо фурӯзон шавад?
Куҷо ин ҳама дард дармон шавад?
ДАР ПУШТИ МИЗ
Гардуни дун ситезагару сифлапарвар аст,
З-ин рӯ ҳамора сифла дар ин мулк сарвар аст.
Фикре ба ҳоли хеш кун, эй қавми ранҷбар,
К-он кас, ки пушти миз нишинад ситамгар аст.
Имрӯз хоки оламе ба сари халқ мекунад,
Фардо чу аз мақом фитад хок бар сар аст.
Бадтар зи дузди қофила шуд раҳзани қалам,
Бингар, ки дузд муҳтасиби дузди дигар аст.
Гар рӯзу шаб зи ғусса бигирям аҷиб нест,
Вазъи хароби кишвари мо гиряовар аст.
Ҳар кас, ки гашт раҳбари ин миллати фақир,
Дар пушти миз такягаҳаш зӯр, ё зар аст.
Соҳибназар ҳақиру фурӯмоя комрон,
Ошуфтатар зи Маҷлиси мо ҳоли кишвар аст.
Оқил ба чашми мардуми омӣ чу хоки роҳ,
Ҷоҳил ба фарқи миллати ваҳшӣ чу гавҳар аст.
Имони пок дигаре пайдо намешавад,
Зӯру зар аз вазифаи виҷдон қавитар аст.
Гар гуфтаам зи сӯзи дарун оташин бувад,
Айбам макун, ки Жола, дили ман пурозар аст.
ИСФАҲОН
Шабе, ки Моҳ барояд ба Зиндарӯд гузар кун,
Зи дидае дили шайдо бар ин биҳишт гузар кун,
Суруди шавқ баровар наво, чу мурғи саҳар кун,
Чу об ашк фишонад, ту низ чашмае тар кун.
Зи ҷисм фориғу ҷон шав, гузар кун аз пули Хоҷу,
Фиғон зи сина баровар, бигӯй он азимат ку?
Бибин чӣ гуна Сипоҳон, ки буда маскани мардон,
Зи ҳодисоти замона хароб гаштаву вайрон,
Басо қусури муҷаллал, ки бо замин шуда яксон,
Басо нуқуши музайян, ки аз назар шуда пинҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё