ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Аз паси теппаҳои реги равон,
Бонги марде ба гӯш меояд,
Он асири ба хун дарафтода,
Рафта-рафта ба ҳуш меояд
Ва асирон ҳамеша ҳушёранд.
Дар сукути шабона қоиқрон,
Пурсад аз сояравшани саҳарӣ.
Зи сари сахраҳои дури баланд,
Он саворони шаб куҷо рафтанд?
РАҲРАВ
Раҳраве дар шаби торик барафрӯхт чароғ,
Роҳи пурпечу хами раҳгузарон равшан кард.
Ба куҷо рӯй кунем,
Аз кӣ бигирем суроғ,
Ки чӣ шуд толеъи он раҳрави саргашта, чӣ шуд?
Киштии маст дар он паҳнаи зангории дур
Рафт бар шонаи амвоҷ дар оғӯши уфуқ,
Зи кӣ пурсем, ки он киштии баргашта чӣ шуд?
Духтаре ғамзада ором лаби чашма нишаст,
Санг бардошту анбохт дар он оби зулол,
Шуд пур аз чин рухи ӯ
Ойина об шикаст,
Духтарак шаклаки худ диду бихандид ба хеш.
Роҳиби пири сияҳпӯш ба зуннори зараш,
Нигаҳе карду ба маҳрумии як умр гирист.
Чашм бар ҳам заду аз рафтаи худ ёд овард,
Ки касе ҳаст дар он олами боло, ё нест?
Марде аз коҳгилу хорбуте пайдо кард,
Ба бузургии Дамованди баланд
Ва сари кӯчаки худро хам кард,
К-эй Худованд:
Манам бандаи ту,
Соя афкан ба сарам,
Банда парастандаи ту.
Ногаҳон ғурриши тӯфон ҳама офоқ гирифт,
Тундбоде заду бишкаст бути сангинро.
Дасти зӯровари бут бар сари он мардак хӯрд,
Марди бутсоз зи як зарба биафтоду бимурд.
Гардиши шомгаҳе дар дили саҳрои баҳор,
Падаре бо писараш.
Писар омода, ки парвоз кунад сӯйи уфуқ,
Орзуи падар он аст диҳад болу параш.
Уфуқи субҳи тилоӣ ҳама покизаву боз
Ошиқон даст ба даст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё