Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Даруни қасри булӯр,
Гаҳе ба бистари гулбаргҳо биёромам
Ва дар пиёлаи наргис зи шабнам об хӯрам.
Гаҳе ба домани рангинкамони дарёӣ,
Нишаста то уфуқи дурдаст тоб хӯрам.

Даруни қасри булӯрин гаҳе кунам эҳсос,
Ки дар сафинаи дури фазонавардонам,
Гаҳе ба сангари хунини родмардонам,
Гаҳе ба ҷиргаи озодагони зиндонам.
Дар он кавири бало,
Ки булбони чаманзори шеър хомӯшанд,
Шарораҳову гули сурхҳо ҳамоғӯшанд,
Ба мотами писарон
Модарон сияҳпӯшанд.

Даруни қасри булӯр,
Дилам шудаст чу дарёи ишқу оташу нур
Ва ҳодисоти ҷаҳон мавҷҳои он дарёст,
Чӣ сарнавишту сириште,
Ки сар ба сар ғавғост.

РУЪЁҲО

Аз сари сахраҳои дури баланд,
Он саворони шаб куҷо рафтанд,
Ки ситора ба гардашон нарасид?

Он дарахти сапедпӯши баҳор,
Бӯсаҳое, ки аз насим гирифт.
Рехт бар об ҳамчу марворид,
Чашмасорон шукуфзорон шуд.

Шомгоҳон канори ҷангали рӯд
Шохсорони коҷҳои баланд,
Ҳамчу хартуми филҳои хамӯш,
Сарнагун рӯйи сабзазорон шуд.

З-он ҳама дардҳои пинҳонӣ,
Ашкҳое, ки рехт рӯйи замин,
Рафт бар осмону борон шуд,
Боз борон чу обшорон шуд.

Зи раҳ омад парандаи модар,
Ошён дида пур шуда зи тагарг.
Тухмҳои сафеди гармашро,
Карда пинҳон ба зери пардаи пар,
Нола сар кард — нолаи ғамнок.

Кӯдаки якшаба, ки омаду рафт,
Чӣ хабар мрбарад аз ин дунё,
Ба асирони хуфта дар дили хок?

пешина
аз 263
навбатӣ