Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Задухӯрди саворонро ба ёд орӣ?
Шаҳидони раҳи озодии ин асру давронро ба ёд орӣ?

Бигӯ, эй рӯди тӯфонӣ,
Бигӯ, эй шоҳид хомӯши садҳо насл инсонӣ:
Дар ин дунё гуноҳе ҳаст шармовартар аз куштори инсонҳо?

ВАТАН

Ман, эй Ватан, ба ту мақруз нестам ҳаргиз,
Ту қарздори манӣ,
Ки дасти ман нагирифтӣ дар он парешонӣ,
Ту Модарватанӣ
Ва ман ба домани ту кӯдаки сарироҳӣ,
Ки ҳамчу хори биёбон нуҳуфта рӯидам,
На обёриву ёрию ёварӣ дидам,
Ҳанӯз рӯйи баҳорон надида,
Дидам ман,
Ки тундбоди ҳаводис зи реша дурам кард,
Ба сарзамини дигар боз қад кашидам ман.

Бидуни реша шукуфтам
Ва ҳар нафас, ки кашидам «Ватан», «Ватан» гуфтам.
Дареғ з-он ҳама шеъру дареғ з-он ҳама ашк,
Ки рехт аз дилу чашмам чу аз ту кардам ёд,
Чӣ дидам аз ту аз аввал ба ҷуз парешонӣ?
Парештар шавӣ аз ман
Ту, эй парешобод!

Ватан биҳишти баринам, Ватан ҷаҳаннами ман,
Маро бибахш, бибахшам, ки нораво гуфтам,
Маро бибахш, ки аз дурият барошуфтам,
Азоби дӯзахи ҷовид рӯ кунад, эй кош,
Ба духтаре, ки ба модар чу ман кунад пархош.
Ватан! Ватан, муқаддастарин умеди манӣ,
Ту модарватанӣ.
Ба пешгоҳи ту бо ишқ мезанам зону,
Ба пешгоҳи ту мақрӯзу пургуноҳ астам,
Ба пешгоҳи ту аз гуфта узрхоҳ астам.

Ту ҳаргиз аз мани дилдода меҳр нагусастӣ,
Ту кони неъмати ҷовид, худ асир астӣ.
Муаррихон бинависед ҳар чӣ мехоҳед,
Вале нагӯед инро,
Ки Жола тарки Ватан кард.

Басо касо зи Ватан дуру дар Ватан ҳастанд,
Басо, ки дар Ватан астанд аз Ватандурон,
Зи бахти тира надонанд чашмидилкӯрон,
Ки бутпарастӣ ҳаргиз ватанпарастӣ нест.
Бути гилӣ,
Бути заррин
Чу ҳар бути дигар.
Хаёлпазир бувад, лек он чӣ ҷовид аст,

пешина
аз 263
навбатӣ