Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй Офтоб!
Ниҳоли ҷони маро пур кун аз ҷавонаи меҳр,
Зи атру равшании хеш шоху баргаш деҳ,
Агар ки барге аз он хушк шуд зи сояи дард,
Бисӯз решаи он дардрову маргаш деҳ.

Эй Офтоби фурӯзон, эй Офтоби бузург,
Ба тору пуди вуҷудам битобу покам кун,
Чу осмони саҳаргоҳ тобнокам кун,
Зи шуълаҳои дурахшони худ нишонам деҳ,
Ҷазираҳои тилоии субҳи фардоро.
Замона сели азимест,
Сели бераҳмист,
Ки бе талош агар лаҳзае зи по афтем,
Ба шати тори табоҳӣ фурӯ барад моро.

Ба ман талош биёмуз, эй Офтоби умед,
Ки дар мубориза, ки бо девҳои зулмату зулм,
Чунон шавам пирӯз,
Ки раҳсипор шавам чун баҳори ҷонафрӯз,
Ба сарзамини бузурги шукуфтани ҷовид.

БИГӮ, ЭЙ РӮД

Бигӯ, эй рӯд,
Ту, эй гаҳвораи бетоби моҳиҳо,
Ту, эй ойинаи ҷорӣ,
Ба соҳилҳои оромат,
Шаби ушшоқро,
Дидори ёронро,
Навозишҳо ва ранҷишҳо,
Лабони бӯсаи боронро,
Ба ёд орӣ?

Саҳаргоҳон,
Навои даври чӯпонро
Ва гашти галаҳо дар сабзазоронро ба ёд орӣ?
Ғуруби гарми тобистон,
Шинои кӯдакон,
Бозии боронро ба ёд орӣ?

Бигӯ рӯди ҳазоронсола,
Эй торихи туғёнӣ,
Ки ҳастӣ бесухан гӯё,
Ба ёд орӣ ту Зардушти паямбарро,
Ба ёд орӣ ту Дорову Скандарро,
Ба ёд орӣ ту Фирдавсии ҷовиди суханварро
Ва Маздак он шаҳиди додгустарро?

Бигӯ, эй рӯди оташзо,
Ба ёд орӣ ту меъоди далеронро,
Фирори нимашабҳои асиронро,
Фурӯ афтодани пуршеҳаи асбон,

пешина
аз 263
навбатӣ