Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

БЕМАЛОЛ

Байни кўҳҳои баланд

Воқеъ аст деҳаи мо.

Дар ҷои хушманзара,

Ҷои хеле дилрабо.

Деҳа гарчи хурдакак,

Долу дарахташ бисёр.

Дарёчаи шўхи он

Меояд аз чашмасор.

Аз меҳнати мардумаш

Файзу сахо меборад.

Пешравии илму фан

Ба мо шодӣ меорад.

Симчўб овардем қатор

Аз кўҳу аз теппаҳо.

Хати телефон омад

Аз Душанбе то ин ҷо.

Одамони деҳи мо

Гардиданд аз ин хушҳол,

Хоҳем агар бо Маскав

Гап мезанем бемалол.

ДЕҲАИ МО КУҶО ШУД

Медонед, эй ҷўраҳо,

Буд деҳи мо дар куҷо?

Дар лаби оби ҷонбахш,

Дар лаби дарёи Вахш.

Дар сари кўҳи баланд,

Дар як ҷои дилписанд,

На хурду на калон буд,

Дар ҷои деҳаи мо

Тутқавул номи он буд.

Медонӣ чӣ шуд ҳоло

Ба он боре ногаҳон

Омаданд иженерон.

Кафро ба ҷабин карданд,

Тепаҳоро чен карданд.

Як инженер бигуфто:

«Бояд шавад баҳр ин ҷо,

Баҳри базебу калон,

Хеле чуқур қаъри он...»

Мо кўчидем аз он ҷо

Ба Нораки дилоро.

Хонаю дар гирифтем,

Ҷои беҳтар гирифтем.

Ба сохтмони Норак,

Ёрӣ намудем ҳар як.

Канӣ, бигў: Тутқавул,

Дар кул аст ё дар чўл?

Сохтем ГЭС-и тавоно,

Оби Вахш омад боло,

Гапи инженерҳо шуд,

Баҳри Норак барпо шуд.

Деҳаи кўҳнаи мо

Монд андар қаъри дарё,

Ба дида ноаён шуд,

Маъвои моҳиён шуд.

ДЕҲАИ МО

Аз ҳар канор омадем,

Фасли баҳор омадем,

Аз кўҳистон омадем,

Мо ба Ёвон омадем.

Дар дашти хушманзара

Барпо шуд деҳе сара.

Як ҷўи давон дорад,

Обаки равон дорад.

Мактаби калонаш ҳаст,

Боғи бачагонаш ҳаст.

Деҳаи мо дилнишин,

Номи деҳи мо Норин

БАҲРИ НОРАК

Кранҳои борбардор,

Шуданд омодаи кор.

Аз чор тараф «МАЗ» омад,

«БЕЛАЗ»-у «КРАЗ» омад,

Мошинҳои гуногун

Аз дари туннел берун.

Дар рўи Пули Сангин

Бишуд бозори мошин.

Сангу шағал кашондем,

Ба тори тал кашондем,

Ду кўҳи қоматбаланд

Баҳамдигар расиданд,

Ғулғула дар фазо шуд,

Баҳри наве пайдо шуд.

ПАҲЛАВОН

Як мошини зўр омад,

Аз як шаҳри дур омад,

Ғалла дарав мекунад,

Корро даррав мекунад.

Медаравад ҷудо соз,

Ҷаву гандуми колхоз.

Каҳҳоро ҷамъ мекунад,

Худаш ғарам мекунад.

Ғаллаҳоро мебезад,

Дар кўлвораш мерезад.

Ба мошин бор мекунад,

Беминнат кор мекунад.

Даравгари чаққон аст,

Дастёри деҳқонон аст.

Биё, равем ба саҳро,

Онро кунем тамошо.

Комбайн бувад номи он,

Мошин не, паҳлавон.

ДАРЁЧАИ ШӮХ

Дарёчаи деҳи мо,

Туғён дорад доимо.

Аз таги тарма ояд,

Аз сари шах фарояд.

Мекунад чунон шитоб,

Мехўрад сад печу тоб

Донӣ куҷо меравад?

Аз паи чӣ медавад?

Обаки ҷонбахш аст ў,

Як шохаи Вахш аст ў.

Соҳилро пур мекунад,

Дарёро зўр мекунад.

Бино кунем дар Роғун,

Дарғоти ГЭС-и калон.

Обаки шўхи дарё,

Дарояд ба новаҳо.

Шарораи зўр шавад,

Олам пури нур шавад.

пешина
аз 32
навбатӣ