НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
НАВОЗИШ
Назокати шашсола
Монанди барги лола.
Духтараки доноӣ,
Ба дилу дида ҷойӣ.
Ҳамдами момо туӣ,
Ҳамдами бобо туӣ.
Эркаи додо туӣ,
Гули дасти мо туӣ.
Меравад очат ба кор,
Меравад отат ба кор.
То омадани онҳо
Мерўбӣ хонаҳоро.
Назокати донояк,
Донои хонапояк.
Бозичаҳоят бисёр,
Яку дуву севу чор..
Дар бехи фаршу девор
Онҳоро карда қатор
Назокати хушгуфтор,
Очат биёяд аз кор.
Оғўши худро бикшо,
Ба пешвози ў баро,
Очат туро бў кунад,
Отат туро бў кунад.
Бўяки ту гул барин,
Накҳати сунбул барин.
КИРМАК
Модари ман аз колхоз,
Як қуттӣ кирмак овад.
Додоҷонам дар хона,
Даррав сукичаҳо кард.
Кирмакҳои хурдакак,
Аввал буданд мисли мў.
Меҷунбиданд беқарор,
Бардошта сар аз ҳар сў.
Бо мошинча аз майдон,
Ман кашондам барги тут.
Бо қайчӣ реза кардам,
Додам ба онҳо зуд-зуд.
Кирмакҳо калон шуданд,
Омад кард меҳнати мо.
Даста мондем саросар,
Пила таниданд онҳо.
ДАНДОНБАРОРОН
Додари ман,ҷони ман,
Шодии даврони ман,
Соҳиби дандон шудаст,
Баччаи хандон шудаст.
Дандонаш марҷон барин,
Биринҷи афғон барин…
Оча, ба мо қурут деҳ,
Оча, ба мо нахўд деҳ.
Биринҷу равған бидеҳ.
Cабзиву шалғам бидеҳ.
Қурута дандон кунем,
Нахўда бирён кунем.
Палави гардон кунем,
Дандонбаророн кунем.
МАРҲАБО
Марҳабои хушрўяк,
Марҳабои дилҷўяк.
Духтараки чаққон аст,
Дар мактаб аълохон аст.
Дар синфи ду мехонад,
Шеъри бисёр медонад.
Ҳама таронаҳоро,
Байту афсонаҳоро
Хонда намудаст азбар,
Аз бобои Миршакар.
Аз Убайду Диёрӣ,
Гулчеҳраву Баҳорӣ
Чун апаи Гулрафтор
Шеър хонад бо дутор.
Марҳабои хушрўяк,
Байту таронагўяк,
Гулҳои чаман дорад,
Бахти туву ман дорад,
Фардои Ватан дорад.
АФСОНА ВА ҲАҚИҚАТ
Парвоз як замоне
Орзуи одамон буд,
Нишаста мепариданд,
Рўи гилеми кабуд.
Алоуддини сеҳргар,
Бо сеҳри чароғи худ
Дар як нафас гўиё
Қалъа барпо менамуд.
Бинокорони Роғун
Шаҳри калон месозанд,
ГЭС-у дарғоти баланд,
Баҳри калон месозанд.
Ҷаҳоннамо оина
Дар куҷое буд, набуд,
Ба ҳар касе, ки хоҳад,
Хоса сўҳбат менамуд.
Вале ягон кас онро
Надид то замони мо.
Радиотелескопе
Кард олиме ихтиро.
Одам бо меҳнати худ
Орзуяшро кард ифшо,
Хоҳӣ рўи ҷаҳонро
Диҳад ба ту тамошо.
Нарафта асло аз ёд
Моҷарои «Навобод»,
Барои як қатра об
Буд ҷангу доду фарёд.
Насосҳои Пастакон
Ба қубурҳои обкаш
Аз Ёвон то Уялӣ
Об медиҳад бебаркаш.
Эраҷи тилисмшикан
Хаёлӣ паҳлавон буд,
Бо як ишораи ў
Кўҳи азим талқон буд.
Ҳоло Эраҷ акоям
Дар туннели Данғара,
Синаи кўҳро кофта,
Ба саҳро об мебарад.
Даври мо даври меҳнат,
Давраи эҷодкорист.
Аз кафи дастони мо
Орзуи одам ҷорист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё