НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
АРОЗ
Сайфуллои қаддароз,
Мекунад доим ароз:
–Шавларо намехўрам,
Самбўса дорад карам.
Безорам ман аз угро,
Ба ман биёред шўрбо...
Ҳатто намехўрад он,
Гўшти моҳии бирён.
Гурбае гашта пайдо
Дуздида бурдаст онро.
Сайфулло ароз кардаст,
Гурба ўро соз кардаст.
МУСИЧАИ ЛАНГ
Мусичаи рўи санг,
Нишастаӣ поят ланг,
Ҷону танат ба дард аст,
Туро кӣ маҷрўҳ кардаст?
Аз гурба озор дидӣ?
Ё ки аз мор тарсидӣ?
Биё, назди тиреза,
Ба ту диҳам нонреза
Бар поят дору молам,
Асали ору молам.
БО ДАҲОНИ БОЗАШ
Дорад акоям Ҳабиб,
Як мошини аҷоиб.
Мошини гардандароз,
Гарданаш тири ҷувоз.
Вай бо даҳони бозаш,
Бо гардани дарозаш.
Бо дандони фўлодин,
Доим мекобад замин.
Нишаст акоям ба он,
Кофт ҷўбори калон.
Тайёр кардем мо сарбанд,
Дар бари кўҳи баланд.
Оби фаровон омад,
Аз Кофарниҳон омад.
Дар заминҳои обшор,
Мо мекунем киштукор.
АНОРИ ДОНА-ДОНА
( Бо оҳанги халқӣ )
Як дона гул, ду дона ,
Анори дона-дона,
Мо омадем ба мактаб,
Танбал ҳанўз дар хона.
Як дона гул, ду дона ,
Анори дона-дона,
Бар саволи муаллим,
Вай мехонад афсона.
Дар боғи мо шафтолу
Биҳиву себу олу.
Мо мегирем панҷу чор,
Танбал фақат яку ду.
Дорад дар ҷайбаш ланка,
Аз пўстаку аз танга,
Ҳушу гўшаш дар берун,
Пояд овози занга.
Об омаду об омад,
Об дар печу тоб омад.
Аз танбал ин пагоҳӣ
Ин гуна ҷавоб омад:
Як дона гул, ду дона ,
Анори дона-дона,
Мехонам аз таҳи дил
Ман имсол бебаҳона.
ХӮСА
Майнаамро об кардам,
Ман як кори боб кардам,
Аз телпаки додарам,
Аз камзўли хоҳарам,
Аз асои бобоям,
Аз фўтаи додоям
Сохтам аҷоиб хўса
Монанди мири кўса.
Бурда ниҳодам онро
Дар байни боғи боло.
Гунҷишк аз он хўсидаст,
Зоғи сиёҳ тарсидаст.
Дигар майнаи бало
Намеояд боғи мо.
Калхот хўсаро дидаст,
Аз шохи бед паридаст.
Лек омад аз куҷое
Мусичаи доное,
Дар тори телпаки он
Ниҳодааст ошён!
МАН БАЧАИ КАЛОНАМ
Додом мошинча овард,
Маро ба он савор кард.
Мошинчаро давондам,
Кучукчаро тарсондам.
Кучукчаи ҳалқадум
Ба мошинча кард ҳуҷум.
Аз мошинча афтидам,
Ба ҳоли худ хандидам.
Гирёнчак не, хандонам,
Ман бачаи калонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё