НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
АЛАФДАРАВӢ
Давидему давидем,
Ба алафҷо росидем.
Дар боғу дашту майдон
Будаст алаф фаровон.
Явшону янтоқи тал,
Рўида мисли ҷангал.
Ба доси хурду калон,
Монанди даравгарон
Истода мо андар саф
Дарав намудем алаф.
Алафҳоро ҷамъ кардем,
Дар ферма ғарам кардем.
Аз хошоки сабзи соз
Аз тарбедаю силос,
Мешавад акнун ёрон,
Ширу қаймоқ фаровон!
ОБ ОМАД
Об омаду об омад,
Пеши мо мироб омад.
Ҷуҳоро тоза кардем,
Бо печу тоб об омад.
Пиёзу сабзӣ хўрд об,
Ҳам кашничу лўбиё.
Базебу тозатар шуд,
Манзараи боғи мо.
Мо обёрӣ кардем,
Мо обчакорӣ кардем,
Ба деҳқонони гулдаст
Кўмаку ёрӣ кардем.
МАН ҲАМ ГАЛА МЕПОЯМ
Галабон аст акоям,
Ман ҳам гала мепоям.
Тойҳои зеб дорем,
Тойҳоро парво дорем.
Тойҳои мо резасум,
Кокулдору калтадум.
Мушку қашқапешонӣ,
Бинӣ, ҳайрон мемонӣ,
Чобуку чарсу даванд,
Аспи бузӣ мешаванд.
Галабон аст акоям,
Ман ҳам гала мепоям.
ОҲАНГАР
Бобои ман оҳангар,
Додои ман оҳангар.
Дил бастаам ниҳоят
Ба ин касбу ин ҳунар.
Оҳанро тафсон кунам,
Болои сандон кунам.
Дорам маҳкам бо анбўр,
Лаб зери дандон кунам.
Ба болға кўбам чунон
З-оҳан борад шарора.
Бобоям бар кори ман
Доим кунад наззора.
Занҷиру оташгирак,
Зулфини дар месозам.
Магў, ки ман хурд астам,
Досу табар месозам.
Биё, ба оҳангарон
Ҳар чи хоҳӣ, бифармо.
Хоҳишатро беминнат,
Даррав мекунам иҷро!
СУРУДИ МИРОБ
Ман миробам, ман мироб,
Корам ҳисобу китоб.
Ман мироби оддӣ не,
Ман мироби сари об.
Ба лаби Баҳри Тоҷик,
Бар сари Пули Сангин
Ҳар гоҳе ки биёӣ,
Ҷойи кори маро бин:
Баҳри Тоҷик калон аст,
Оби он фаровон аст.
Ҳар қатрааш дар ҳисоб,
Мироб онро посбон аст.
Бар хоки водии Вахш,
Бар дашту боғу роғаш.
Мефиристам ман ҳар рўз
Оби зулоли ҷонбахш.
Бар чўлу бар биёбон,
Саҳрои Узбекистон
Лозим шавад медиҳам
Об аз туннели калон.
Ман миробам, ман мироб,
Корам ҳисобу китоб.
Бар ҳамаи мавҷудот
Тақсим карда диҳам об.
ДЕҲҚОНИ ХОКПОШ
Ҷўраи беқарори ман,
Ободии диёри ман.
Ту шаъну шони кишварам,
Кишвари номдори ман.
Ранҷат ҳузур оварад,
Тўю сурур оварад.
Ҳам обрў, ҳам эътибор,
Бар чеҳра нур оварад.
Корат агарчӣ зўру қин,
Ту ҳусну зиннати замин,
Аз туст ҳар футўҳи мо,
Бодат ҳазор офарин!
АКОИ МАН
Акои ман Бахтёр,
Монтёри овозадор.
Аз касбу аз кори худ
Вай мекунад ифтихор.
Ба симчўб барояд,
Дар пояш чангак дорад.
Ба ҳавлию кўчаҳо ў равшанӣ меорад.
Хурду калони деҳа
Аз акаам миннатдор.
Чунки бишуд саросар
Деҳа аз ў чароғзор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё