Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ТӮЙ

Тўй омаду тўй омад,

Насими хушбўй омад.

Аз деҳаи Симиганҷ

Арўси хушрўй омад.

Арўсу домоди мо,

Шодии авлоди мо,

Оилаи нав хуш аст,

Дар мулки ободи мо.

Арўси чеҳрахандон

Дар ҳалқаи духтарон.

Аз дари шаҳ даромад,

Борад файзи фаровон.

Ҳо лайлӣ, лайлӣ, лайлӣ,

Биё ба саҳни ҳавлӣ.

Мерақсему мебозем

Дар тўйи комсомолӣ

ХАТКАШОН

Бобоҷони ман хаткашон,

Муждарасони деҳамон.

Ҳар субҳдам гардад савор

Бар аспи шўхи беқарор.

Аз ёру дўст, аз ҳар куҷо

Мактуби нав орад ба мо.

Рўзномаи ҳаррўзаро

Телеграммаи тозаро,

Бурда расонад ҳар сафар,

Бар соҳибонаш тезтар.

Вай ёри хуби бачаҳо

Ҳар гаҳ шавад меҳмони мо,

Аспи варо ҷо мекунем.

Ҷав дода парво мекунем.

Бобоҷони ман хаткашон,

Муждарасони деҳамон.

Мўяш агарчӣ сап-сафед,

Дорад дили пур аз умед.

ЁРӢ

Дар дашту cаҳро

Домани майдон,

Пахта шукуфтаст

Чун гули хандон.

Меҳнати одам

Зеби суруд аст.

Нозу неъматро

Меҳнат фузудаст.

Арақи деҳқон

Дурру марворид

Аз сару рўяш

Бар замин шорид

Мо бачаҳои

Чолоку чаққон

Медиҳем ёрӣ,

Ба кори деҳқон.

Ҳар ғози пахта

Чун мағзи нон аст,

Бар мо азиз аст,

Роҳати ҷон аст.

Дар қади роҳе

Гар афтад, бинем,

Бар рўи дида

Молида чинем.

Пахтаи деҳқон

Шўҳрату шон аст,

Як номи тоҷик

Аз рўи он аст.

ДАСТАРХОН

Дадоям орд оварданд,

Ба соғуҳо ҷо карданд.

Аз орди гандуми нав

Хамир шуридам даррав

Як танўр кулча пухтам,

Ҳамроҳи оча пухтам.

Чапотии бомазза ,

Фатирҳои боҷазза,

Нонҳои ширин пухтам,

Таҳмоли қандин пухтам.

Имшаб аком тўй доранд,

Арўс мебиёранд.

Аз кўлчаҳои ширмол,

Аз фатиру аз таҳмол

Ба янгаму акоям

Дастурхон мекушоям.

пешина
аз 32
навбатӣ