НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
Кӯдакон
Аз аввал хонданНЎЪМОН РОЗИҚ
ЧИСТОНҲО
Оҳуи шӯху масти ман,
Бозӣ кунад ба дасти ман.
(Рубоб)
Ҷомааш аз сӯзан пур,
Хонааш аз деҳа дур.
(Ҷайра)
Парпеч дорад, кӯдак не,
Риш дораду мардак не.
(Ҷуворимакка)
Меҳмони бологузар,
Аз ҳама гап бохабар.
(Телевизор)
Ишкамаш мисли саноч,
Папиросаш даҳ қулоч.
(Печка ва трубаҳои он)
Чил дугона, чил хоҳар,
Қаду қомат баробар.
Дар пас кӯҳи баланд,
Шодона бозӣ доранд.
(Кокулҳои духтарон)
Дар болои зинаҳо,
Роҳ меравад хонаҳо.
(Қатора)
Мошин гӯям, мошин не,
Ба ҷонваре қарин не,
Шаб болояш бароям,
Пагоҳӣ мефароям.
(Кат)
Дар чӯлу айлоқу дашт,
Мекунад ӯ сайру гашт.
Зимистону тобистон
Пӯстини гарм дорад он.
(Гӯсфанд)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё