Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Хеста, саратро дар оби хунук бишӯй, баъд мефаҳмӣ, – гуфт Моҳира, шӯхикунон.
Дере нагузашта бачаи гуреза булдоги худро юрға занонда баргашт. Вай мисли човандозони пуртаҷриба бо як ҷаҳиш худро аз болои саг ба замин партофту ресмони лаҷоми булдогро аз нав ба дарахт баст.
— Инҳо таъқибгар не, — гуфт ба ӯ духтарак. — Беҳуда гурехтӣ…
Писарак, ки мӯйи сари сиёҳи ҷараққосӣ ва чашмони ангури тагобӣ барин дурахшон доштааст, хӯсида-хӯсида наздик омад. Вай ҳанӯз шубҳа мекарду гоҳ ба Моҳира менигарист, гоҳ ба Илҳом.
— Наздик биё, натарс, — далер кард ӯро духтарча.
— Инҳо магар одаманд? — пурсид писарак.
— Ҳа, одам.
— Бо ин қадар ҷуссаи калон?
— Бале, мо инсонем, — тасдиқкунон ба гап ҳамроҳ шуд Илҳом.
— Ҳар дуи шумо аз осмон фаромадед-ку, — гуфт писарча. — Мо дина каҷоваи шуморо дидем, дуду оташ пошида аз боло ба доманаи кӯҳ нишаст.
— Осмон макони фариштаҳост, — хулоса баровард духтарак.

пешина
аз 50
навбатӣ