Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Дар назди аслиҳаи мо сепула қадру қимат надорад.
— Шумо ҳам яроқ доред? — пурсид Заррина.
— Ҳа, яроқҳои зӯр, — ҷавоб дод Моҳира. — Масалан, таппончаи лазерӣ, атомплани ҳарҷогард, ҷавҳари НК...
— Ҷавҳари НК-яш чист? — донистан хост Сиёҳак.
— Мебахшӣ, — гуфт Илҳом, — ин аслиҳаи махфии мост. Барои ҳамин то зарурат нашавад, мо аз шарҳу баёни он худдорӣ мекунем.
Ихтиёратон, — оҳ кашид Сиёҳак. — Лекин агар ман шумо барин яроқҳои пуриқтидор медоштам, аз аҷинаҳо, албатта, ниқор мегирифтам, он золимҳои бераҳму шафқатро аз сари халқ дур мекардам.
— Устав роҳ намедиҳад, — гуфт Моҳира. — Мо бе рухсати Ассотсиатсияи низоми офтобӣ ба ҳаёти ин ё он сайёраи бегона дахл карда наметавонем.
— Аммо ба қадри имкон ёрӣ мерасонем, — илова кард Илҳом. — Талаб мекунем, ки ихтилофҳо хушӣ ба хушӣ бартараф карда шаванд, ҳақиқат зӯр барояд...
Заррина, чашмони умедворашро аз сайёҳони мо наканда , гуфт:
— Кошкӣ, ба мо ҳам дасти ёрӣ медодед...
— Кӯшиш карда мебинем, — ваъда дод Моҳира. — Пеш аз ҳама ҳукми қатли дуи шуморо бекор кунондан лозим. Шумо бояд ба шаҳратон баргардед, озодона тӯю сур кунед, ба висоли ҳамдигар расед.
— Ташаккур, — гуфт Сиёҳак.
Заррина хурсанд шуду илова кард:
— Шумо дар ҳақиқат ҳам фиристодаҳои осмониед, ки ба мадади мо омадаед.
То ин муддат офтоб як қади найза баланд шуда, рӯз тафсид. Кайҳоннавардони мо бо шиносҳои нави худ якҷоя ба соҳили дарёча рафта оббозӣ карданд. Булдогҳо низ аз паси соҳибонашон худро ба об андохта, ҷасутухезу шодмонӣ мекарданд.
Баъди оббозӣ Моҳираю Илҳом меҳмони Сиёҳаку Заррина шуданд. Дуртар аз танаи дарахт мисли шохаи маҷнунбед як нардбончаи бофтаи чунон ноаёне будааст, ки онро сайёҳон пеш пайхас накардаанд. Онҳо ба воситаи ҳамон нардбонча ба коза – каҷоваи болои булут баромаданд. Сиёҳаку Заррина ба дастурхон рангобаранг меваҳои гуногуни бешагӣ оварда мерехтанд.

13 Ҳарҷогард – мошине, ки дар ҳама макон, хоҳ ҳаво хоҳ замин ҳаракат карда метавонад

пешина
аз 50
навбатӣ