Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Фуқаро! — ба гап қатӣ шуд Илҳом. — Бо оҳу фиғон кор буд намешавад. Мо, ки фиристодаҳои Замин ном сайёраи дурдастем, ҳозир айнан ба назди ҳамон Қолабшоҳи лаҷомгусаста рафта истодаем. То аз дастамон омадан кӯшиш мекунем, ки вай ғаллаву сабзавоти шуморо гардонда диҳад.
Ин ваъдаю ваидро шунида, ҳозирин ба зону афтоданд, даст ба дуо кушоданд. Пирамарди ришкалон гуфт:
— Ба мо ёрӣ расонед, ҷанобон! Ҳоламон хароб, ҷигарамон кабоб, хотир парешон, душман беамон!
Кайҳоннавардон шаб дар ҳамин деҳа монданд.
Зарангиҳои дилу дасткушод онҳоро бо таомҳои миллӣ ва шарбати мева зиёфат карданд. Баъд дар майдони калон таронаҳо суруданд, рақсҳои оммавӣ нишон доданд….
Боз ду рӯзи дигар дар роҳ гузашт. Фаромӯш накунед, ки дар ин сайёра ҳар чор соат як бор шабу рӯз иваз шуда меистод.
Бо тақвими маҳаллӣ сайёҳон рӯзи сеюм ба пойтахти ҷазира расиданд. Чорсӯ шаҳри калоне будааст, ки кӯчаву хиёбонҳояш пур аз роҳгузар буд. Булдогҳои ба чорчархаҳо басташуда бор ва одамонро беист ба ҳар сӯ мекашонданд. Деворҳои қалъа ва биноҳои қасри шоҳ бо кунгураву пештоқу гунбадҳои зиёд дар шаҳр ҷойи фахриро ишғол карда буд.

22 Лаҷомгусаста – одами беинтизом, худсар

пешина
аз 50
навбатӣ