Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Оҳо, вай аллакай хеста, ба берун баромадааст-ку, — гуфт Илҳом дар дил. — Дина бегоҳ аз ман ӯ ранҷид–дия. Хайр, имрӯз узр мехоҳаму боз оштӣ шуда меравем». Бо ҳамин андешаҳо Илҳом кӯрпаи болояшро ҳаво дод, аз кат чаққон фуромад. Дастонашро мушт кардаю ба пеш ёзонда, ду–се бор хаму рост шуд. Баъд болиштро бардошта дид, ки дар зери он таппонча нест. Ба гумони он, ки ғалтидааст, саросемавор атрофи кат ва таги кӯрпаҳоро аз назар гузаронд. Вале таппонча аз ҳеҷ ҷо ёфт нашуд. Илҳом аввал «Моҳира шӯхӣ кардагист, руст кардагист» гуфта худро тасалло дод. Вале боз ба дилаш алов ғалтиду тозон ба пеши тиреза омад.
Пардаи тирезаро шартӣ боло бардошта, ба саҳни қаср нигоҳ кард, ки атомплани зиреҳпӯш низ дар ҷойи мондаашон наменамояд. Во аҷабо! Мошинаро кӣ ҳай карда рафтааст? Охир онро ғайр аз Илҳому Моҳира касе ронда наметавонист-ку!
Наход Моҳира саҳарии барвақт хеста, таппончаро гирифта, бо атомплан ба ягон ҷо рафта бошад?
Илҳом сари калобаашро гум карда, андак шах шуда монд. Баъд давида омада, аз такяи курсӣ шалворашро ба даст гирифт, нифаи онро зуд палмосид ва «хайрият», — гӯён ба ҷояш нишаста монд:
шишачаи ҷавҳари НК дар ҷояш буд.
Дил гувоҳӣ медод, ки қолабиҳои қаллоб ба муқобили кайҳоннавардони мо сӯиқасд тайёр кардаанд. Ҳозир пеш аз ҳама Моҳираро ёфтан даркор буд. Барои ҳамин Илҳом телба–телба либос пӯшида, аз хобгоҳ баромад. Як хизматгори чобукӣ дар долон чанги қолинҳоро тоза мекард. Илҳом ба ӯ муроҷиат карда пурсид:
— Азизам, марҳамат карда бигӯй, ки ҳамсафари ман куҷо рафт?
Хизматгор китф ҷунбонда гуфт:
— Надидаам, намедонам.
— Бо Қолабшоҳ вохӯрдан мумкин аст?
— Он кас ҳоло хоб.
— Кай аз хоб мехезад?
— Кай вақте лозим шавад.
— Ба ман вай ҳозир даркор.
— Марҳамат, рафта бедор кун.
— Чӣ хел?
— Тугмачаи сабзи дари хобгоҳашро пахш кун.
Лозим шуморад, худаш туро даъват мекунад.
Илҳом аз хизматгор пурсид:
— Ту оё надидаӣ, ки мошини моро аз рӯйи ҳавлӣ кӣ ронда рафт?

пешина
аз 50
навбатӣ