Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гапро кам кунеду зуд Моҳираро назди ман оред!
— Пас ту аз ин ҷо дафъ шудан намехоҳӣ?
— Не! — гуфт Илҳом ба таври қатъӣ.
Қолабшоҳу вазир даҳони безеби худро гӯри фурӯрафта барин калон кушода, қоҳ–қоҳ хандиданд ва бепарвоёна шаробнӯширо давом доданд.
Баъд вазир ба Илҳом рӯ овард:
— Ту, — гуфт ӯ, — беҳуда дӯғу даранг мекунӣ.
Номи духтари осмониро дигар ба забон нагир.
Вай зани Қолабшоҳ мешавад.
— Чӣ?! — фарёд кашид Илҳом. — Моҳира зани ҳамин аҷина мешавад? Ман онаи зори шумо тороҷгаронро нишон медиҳам.
Илҳом остин барзада, акнун аз ҷо хестанӣ буд, ки курсии нишастааш якбора сахт такон хӯрд. Вай ҳанӯз ба худ наомадаю сабаби инро нафаҳмида, як қисми тахтаи фарш кӯчид ва курсӣ ҳамроҳи Илҳом мисли лифт ба чуқур фаромада рафт. Қоҳқоҳи хандаи аҷинаҳо торафт паст шуда, ниҳоят хомӯш гардид.
Курсӣ ба як таҳхонаи дувоздаҳгаза фаромад, ки ба маҳбас будани он шубҳае набуд. Роҳи лифт — сӯрохи полу шифти хонаҳои боло пайи ҳам тараққо-туруқ маҳкам шуданд ва Илҳом дар зиндони чуқуру танг танҳо монд.
Зиндон дили душман барин торик бошад ҳам, вазъият акнун ба Илҳом мисли оина равшан гашт.
Вай фаҳмид, ки қолабиҳо тамоми шаб нахобида, бар зидди онҳо сӯиқасд тайёр кардаанд: таппончаю атомпланро дуздидаанд, Моҳираро фирефта, дар ягон ҷо пинҳон кардаанд ва ана акнун худи Илҳомро ба зиндон андохтанд. Аз дасти ин яғмогарони разил ҳама гуна кори паст меояд. Онҳо барои нигоҳ доштани салтанати худ аз ҳеҷ кадом фиреб, туҳмат, фитна ва қатл рӯ намегардонанд.
Моҳира сад бор ҳақ будааст, ки Илҳом бояд нақшаҳои худро аз онҳо пинҳон медошт, боэҳтиёт амал мекард. Натиҷаи худписандӣ ана чӣ шуд?
Таппончаи лазерӣ нест, атомпланро дуздидаанд, Моҳира бедарак. Чунон ки мегӯянд, замин сахту осмон баланд.
Илҳом бе ҳеҷ дудилагӣ қарор дод, ки акнун воситаи охирини роҳи халосӣ – ҷавҳари НК-ро ба кор мебарад. Дар ҳақиқат, дигар илоҷе намонда буд.

пешина
аз 50
навбатӣ