Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Фардошаб тӯй? — пурсид Моҳира.
— Ҳа, дари бахти ман кушода мешавад. Албатта, меоед. Хуб?
— Хуб! — розӣ шуд Илҳом. — Лекин аввал ҳақиқати ҳолро ба халқ фаҳмонидан лозим буд.
Аз саҷдаю ибодати онҳо мо ба хиҷолат мемонем...
— Ин кор якбора мушкил, — гуфт Заррина. — Шумо аз мардуми мо наранҷед. Онҳо ба асли гап сонитар оҳиста-оҳитса сарфаҳм мераванд. Лекин ташрифи дуи шумо ба тӯйи мо шарт.
— Меоем, меоем, — ваъда дод Моҳира.
Сиёҳак ба сайёҳон гуфт:
— Ман аз мармар ҳайкали ҳардуи шуморо тарошидам. Заррина бошад, ба васфатон суруди нав эҷод кардааст...
— Канӣ, хон-чӣ. Ту ба васфи мо чӣ хел суруд эҷод кардӣ? — гуфт, Моҳира.
Заррина бе шарҳу баёни зиёд, кафи дастонашро бо ҳам фишурдаю як пояшро пештар монда, бо овози маҳин сар кард. Таронаи ӯ чунин буд:
Мо дар кафи уқёнус
Марду зани баномус

пешина
аз 50
навбатӣ