Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дидаем азоби сахт
Аз офати се манҳус.
Қалби ҳама шуд ором
Аз Моҳираю Илҳом.
Аз ғайб вакил омад,
Бо бахт кафил омад.
Даври хушу хурсандӣ
Баҳри ҳама дил омад.
Қалби ҳама шуд ором
Аз Моҳираю Илҳом...
— Офарин! — гуфт Моҳира, гесӯи тиллоранги Зарринаро ба даст гирифта. — Сурудат ҳам мисли зулфони зебоят дилпазир. Орзумандем, ки бабахт шавӣ, Заррина.
Заррина аз хурсандӣ чӣ кор карданашро надониста, якбора дастонашро ба гардани Моҳира ҳалқа карду ӯро бӯсид.
Илҳом бо нимтабассум ба Сиёҳак чашмакӣ зад ва шиками ӯро сахт пучида монд.
Офтоб ғуруб карда, шаб бо чодари сиёҳи худ рӯйи баҳру барро мепӯшид. Тамоми мавҷудот ба хоби роҳат мерафт, ки рӯзи навро бо қувваи нав истиқбол кунад.


Кайҳоннавардони ҷавон дар сайёраи Чобук боз се ҳафтаи дигар истоданд. Аз хотир набароред, ки ин се ҳафта аз рӯйи тақвими маҳаллӣ аст.
Бо ҳисоби Замин, яъне боз як ҳафтаи пур гузашт.
Дар ин муддат Моҳираю Илҳом бо мақсади ҷорӣ кардани давлати демократӣ ба одамони пешқадами сайёра дастурҳои зарурӣ доданд. Ба мутахассисони соҳаҳои гуногун роҳҳои истифодаи агротехника, истеҳсоли барқи обӣ, инкишофи саноат ва ғайраҳоро фаҳмонданд.
Ғайр аз ин, сайёҳон ба тӯйи арусии Заррина косагул шуда, келину домоди озоду хушбахтро аз номи аҳолии Замин гарму ҷӯшон табрик карданд.
Ба онҳо ҳамчун туҳфа аппаратҳои суратгирӣ ва транзисторҳои пуриқтидор бахшиданд.
Даме ки Моҳираю Илҳом ба атомплани зиреҳпӯши худ нишаста, ба назди киштии байнисайёравӣ баргаштанӣ шуданд, дар кӯчаву майдонҳои Чорсӯ ҷойи сӯзан задан набуд. Ба гусел бемуболиға тамоми аҳолии шаҳр баромада буданд. Садои мусиқӣ, сурудхонӣ ва кафкӯбиҳо ба фалак дакка мезад.
Сайёҳони мо бо дӯстони нави худ самимона хайрухуш карданд. Борхонаи атомплан аз туҳфаҳои чобукиён пур шуда буд. Илҳом аз ҷумла як гули орхидеяро эҳтиёт мекард.

пешина
аз 50
навбатӣ