Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ

Хонандаи азиз!
Китоб манбаи донишу маърифат аст, аз он баҳравар шавед ва онро эҳтиёт намоед. Кўшиш кунед, ки соли таҳсили оянда ҳам ин китоб бо намуди аслиаш дастраси додару хоҳаронатон гардад ва ба онҳо низ хизмат кунад.

САЛОМАТӢ ВА ТАРЗИ ҲАЁТ

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Барои ҳифз ва беҳтар кардани ҳолати саломатӣ, ки аҳамияти аввалиндараҷа дорад, тарзи ҳаёти солим (ТҲС) нақши асосӣ мебозад.
Барномаи тарзи ҳаёти солим шуморо бо қоидаҳои нахустини тозагию беҳдошт, роҳҳои нигоҳдорию муҳофизат ва беҳтар кардани ҳолати саломатӣ, сабабҳои пайдоишу пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои шакл гирифтани ҳаёти солим шинос мекунад. Бо мутолиаи ин дастур шумо хоҳед фаҳмид, ки муҳити атроф ба саломатии шумо чӣ тавр таъсир мерасонад. Тани сиҳату солим доштан ба худи шумо вобаста аст.
Олимон исбот кардаанд, ки солимии инсон 50% ба тарзи ҳаёт, 20% ба ирсият, 20% ба муҳити зист ва 10% ба системаи тандурустӣ вобаста аст.
Омўзиш ва таълиму тарғиби ТҲС, ки асосашро малакаҳои зарурии ҳаётӣ ташкил медиҳанд, метавонад саломатии кўдакону наврасонро ҳифз намояд ва дар зиндагии минбаъдаи онҳо таъсири мусбӣ расонад.
Чаро дар бораи саломатӣ ғамхорӣ кардан зарур аст? Саломатӣ боигарии асосии инсон мебошад. Масалан, тозагии хона, рўҳи солим – ҳолати хуби саломатиро таъмин менамояд. Макони зист, маҳаллае, ки зиндагӣ мекунед, як гўшаи Ватан аст. Тозагию бунёди боғу гулзор дар ҷойи зист на танҳо ба саломатии шумо, балки ба ҳамаи одамони атроф манфиат мебахшад. Саломатӣ гавҳари ноёб аст ва барои ҳифзи он кору мубориза бояд кард.
Омўхтан ва донистани қоидаҳои асосии беҳдошти шахсӣ, муносибати солим бо оби ошомиданӣ ва тоза нигоҳ доштани он, аз худ кардани малакаҳои зарурии ҳаётӣ ва истифодаи онҳо барои ҳаёти солим аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими барнома ба ҳисоб мераванд.
Бисёр муҳим аст, ки худи хонандагон масъалаҳои муҳими саломатӣ ва роҳҳои пешрафти онҳоро хуб дарк кунанд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ шуданашонро мушоҳида намуда, дар дафтари махсус онро қайд кунанд.

аз 80
навбатӣ