ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

НИГОҲЕ БА ГУЗАШТА
Одамон ҳанўз аз давраҳои қадим ба масъалаи гигиена аҳамияти калон медиҳанд. Зеро онҳо хуб дарк мекарданд, ки саломатии ҳар кас, хешу наздикон ба иҷрои талаботи қоидаҳои гигиенӣ зич алоқаманд аст.
Сарзамини Тоҷикистони имрўза яке аз тамаддунҳои қадим дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мардуми ин кишвар дар ҷойҳои сероб истиқомат карда, зиндагии дурусту ҳаёти солим ба сар бурдаанд. Дар китоби муқаддаси Авасто дар бораи тоза нигоҳ доштани сарчашмаҳои об, муҳити зист, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ маълумот дода шудааст. Авасто одамонро барои солим нигоҳ доштани рўҳу тан даъват намуда, шарти асосии онро дар тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳо медиданд.
Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ нағз медонист, ки истиқлолияти мамлакат ба воситаи одамони солим, тансиҳат, бақувват ва бардам ба ҷо оварда мешавад.
Аз ин рў, дар баробари дигар масъалаҳо барои тани солиму рўҳи бешикасти халқи худ қувва ба харҷ медод. Солимии мардум ба истифодаи оби тоза, ҳаво, муносибати шахс ба атрофиён, истифодаи ғизои солим, одоби шоистаи тозагии дасту рўй, истифода аз ҳоҷатхонаю ҳаммом, хулоса ба ҷо овардани талаботи гигиена вобаста аст.
Донишманди бузурги тиб Абўалӣ ибни Сино дар асарҳои бебаҳои илмиаш бештар оид ба беҳдошти саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист андешаҳои арзишманд баён кардааст. Махсусан, дар китоби “Ал-Қонун” ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардааст. Мақсади Абўалӣ ибни Сино аз таълифи ин китоб, расондани ёрӣ ба одамон баҳри ҳифзи саломатиашон аст.
Ба ҳамин мақсад, ў тавассути ин китоб бемориҳои зиёдро номбар мекунад ва роҳҳои пешгирию табобати онҳоро нишон медиҳад. Махсусан, ба реҷаи хўрокхўрӣ, ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаву талаботи санитарию гигиенӣ бештар диққат додааст.
Абўалӣ ибни Сино дарозумрӣ ва хубу бад гузаштани ҳаёти инсонро аз бисёр ҷиҳат ба риояи талаботи гигиенаи шахсӣ вобаста медонад. Аз мутолиаи асарҳояш дида мешавад, ки Абўалӣ ибни Сино бо фазилату заковати хеш одамонро даъват кардааст, ки баарои саломатии худ талош кунанд. Зеро асоси саломатӣ – ин тозагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё